Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифторӣ ба коронавирус дар Аврупову Амрико рӯ ба афзоиш аст


Ташхиси як бемори гирифтор ба коронавирус, Теҳрон, 1-уми марти 2020.
Ташхиси як бемори гирифтор ба коронавирус, Теҳрон, 1-уми марти 2020.

Бо суст шудани бӯҳрони короновирус дар Чин, он ба таври фазоянда ба сӯи Ғарб, ба кишварҳои Ховари Миёна, Аврупо ва Амрико ҳаракат мекунад.

Анбӯҳи коронавируси нав дар Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Итолиё ва Ҷопон падидор шудааст.

Рӯзи чоршанбе Вазорати тандурустии Эрон хабар дод, ки шумораи фавтидаҳо аз короновирус ба 92 нафар расидааст. Дар 24 соати охир шумораи ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ин вирус дар Эрон то ба 586 нафар афзун шудааст.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур гуфт, 522 нафари олудашуда ба вирус пурра дармон ёфтанд.

Дар Итолиё шумораи фавтидагон аз коронавирус ба 79 нафар расидааст.

Ҳафтаҳои ахир дар Чин бар асари чораҳои карантинӣ ҳолатҳои нав ва марг рӯ ба камшавӣ мебошанд. Рӯзи чоршанбе дар ин кишвар 38 нафар мурдаанд.

Кишвари аз ҳама бештар зарардида пас аз Чин, Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки рӯзи чоршанбе аз 516 ҳолати нави гирифтор шудан ба ин вирус гузориш дод. Шумораи мубталоён ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ ба 5328 расида, шумораи ҳалокшудагон дар ин кишвар 33 кас мебошад.

Дар саросари олам беш аз 92 ҳазор нафар гирифтори короновирус буда, беш аз 3100 нафар фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG