Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 3-юми март бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сиёсӣ ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи Толибон, гуфтугӯ кардааст. Оқои Трамп ин гуфтугӯи телефониро "хуб" хондааст.
Ин тамоси телефонӣ се рӯз баъд аз имзои созишномаи сулҳ байни намояндагони Амрико ва гурӯҳи Толибон дар Давҳа -- пойтахти Қатар анҷом шуд. Интизор меравад, ин созиши сулҳ дар 14 моҳи оянда ба хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон ва дар ниҳоят поёни хушунатҳо дар ин кишвар, боис шавад.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", Доналд Трамп дар бораи тамоси телефонии худ бо ин раҳбари Толибон гуфтааст, "робитаи бисёр хубе бо мулло (манзур Мулло Абдуғанӣ Бародар) дорам. Мо имрӯз як гуфтугӯи телефонӣ доштем ва медонед, ки онҳо мехоҳанд хушунатҳоро поён диҳанд. Онҳо алоқаманд ҳастанд хушунат поён ёбад".
Тибқи ин гузориш, раиси ҷумҳури Амрико ҳозир нашуд таъйид кунад, ки ин нахустин боре будааст, ки бо Толибон гуфтугӯ кардааст. Доналд Трамп дар посух ба ин пурсиш, ки оё ин аввалин боре буд, ки бо Толибон сӯҳбат мекардед, изҳор дошт, "намехоҳам инро бигӯям".
Созиши қатъи хушунатҳо рӯзи шанбе байни Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раҳбари гурӯҳи Толибон ба имзо расид. Дар маросими имзои ин созишнома Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ва намояндагони даҳҳо кишвари дигар ҳузур доштанд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон қаблан дар "Твиттер" аз гуфтугӯи телефонии президенти Амрико бо Мулло Абдулғанӣ Бародар хабар дода буд. Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дар баёнияе гуфтааст, ки гуфтугӯ 35 дақиқа тӯл кашид.
Гурӯҳи Толибон ҳамчунин изофа кардааст, Мулло Абдулғанӣ Бародар дар ин тамоси телефонӣ ба Доналд Трамп гуфтааст, ки агар Амрико ба ин созишнома пойбанд бошад, Толибон ва Амрико дар оянда робитаҳои мусбате хоҳанд дошт.
Тибқи созишнома миёни Амрико ва Толибон, ду тараф ӯҳдадор шудаанд, ки барои ҳосил шудани эътимод, зиндониёни сиёсӣ ва ҷангии якдигарро озод кунанд. Дар ин созиш гуфта шудааст, ки то рӯзи 10-уми март панҷ ҳазор зиндонии Толибон ва ҳазор асири ҳукумати Афғонистон озод мешаванд.
Нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш дар вокуниш ба ҳамлаҳои террористии Ал-Қоида дар моҳи сентябри 2001 дар Амрико, ки ҳудуди 3000 қурбонӣ дар пай дошт, Афғонистонро ишғол ва режими Толибонро сарнагун карданд.
Берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Доналд Трамп аст. Расидан ба тавофуқи сулҳ бо Толибон барои поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон метавонад мавқеи Трамп дар интихоботи президентии имсолро тақвият кунад.