Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон як анбори ғайриқонунии ниқобҳои тиббӣ ошкор шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар манзили шаҳрванд С.Х. дар Узбекистон як анбори ниқобҳои тиббӣ пайдо шуд, ки арзиши умумии ниқобҳо ба наздики 70 ҳазор доллар мерасад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон, кормандони раёсати мубориза бо қочоқ ва вайронсозии қоидаҳои гумрук дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар як анбори ниқобҳои тиббиро пайдо карданд.

"Сифати ниқобҳо кафолат дода намешуд, онҳо сертификати мутобиқат надоштанд ва тибқи нақша бояд дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш мерафтанд",-омадааст дар хабари мақомот.

Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон нагуфт, ки анбори ошкоршуда дар куҷо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG