Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков ба эътирозгарон гуфт, забони таҳдидро қабул надорад


Тазоҳуроти ҷонибдорони Содир Ҷапаров, 2 март, 2020.
Тазоҳуроти ҷонибдорони Содир Ҷапаров, 2 март, 2020.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 3-юми март ҷаласаи Шӯрои амнияти кишварашро бо иштироки раҳбарони як қатор ниҳодҳои давлатӣ баргузор ва масъалаҳои иқтисодиву амниятиро баррасӣ кард. Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Ҷеенбеков ҳамчунин тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаровро шарҳ додааст.

"Дирӯз кормандони пулис вазифаи худро пурра анҷом доданд. Онҳо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ба зиндагии осоишта ҳимоят карда, тартиботро дар шаҳр таъмин намуданд. Ҳамчун раҳбари давлат мегӯям, ки оромӣ дар ҷомеа дар мадди авал меистад. Ҳамаи масъалаҳо дар асоси қонун ҳал шуда, забони шартгузорӣ пазируфта нахоҳад шуд. Дар кишвар қонун бояд риоя шавад",-изҳор дошт президенти Қирғизистон.

Ҷонибдорони вакили пешини порлумони Қирғизистон Содир Жапаров рӯзи 2-юми март бо талаби раҳоии вай аз зиндон дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар гирдиҳамоӣ на танҳо озодии Жапаров, балки ислоҳоти додгоҳӣ, қатъи таъқибҳои сиёсӣ, ҳалли масоили марзӣ, мушкили қарздорони бонкҳо низ талаб шуданд.

Ҳамчунин аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков хоста шуд, ки мавқеашро дар мавриди афви Содир Жапаров мушаххас кунад. "780 ҳазор одам талаби афви Жапаровро карданд",-гуфт яке аз ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонии қирғиз.

Ин ҳамоиши эътирозӣ ба беназмии оммавӣ печида, дар натиҷа пулиси Бишкек 166 нафарро боздошт кардааст. 162 боздоштшуда дертар озод ва 4 каси боқӣ ҳабс шудаанд.

XS
SM
MD
LG