Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Эрдуғон дар Маскав мулоқот мекунанд


Раҷаб Тайииб Эрдуғон ва Владимир Путин.
Раҷаб Тайииб Эрдуғон ва Владимир Путин.

Кремл ва дастгоҳи президенти Туркия тасдиқ карданд, ки Владимир Путин, президенти Русия бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон рӯзи 5-уми март дар Москва мулоқот мекунад.

Ин ду роҳбар вазъи шимолу ғарби Сурияро дар мулоқоти 5-уми март баррасӣ хоҳанд кард. Ахиран дар ин минтақа даргирӣ байни артиши Туркия бо артиши президенти Сурия Башор Асад идома дорад. Русия ба артиши Асад кӯмак мерасонад.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи душанбе гуфт, ки умедвор аст, дар гуфтугӯ бо Путин созиши оташбас дар Идлиби Сурия ҳосил хоҳад шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин хабар дод, Москва "ба ҳамкориҳо бо шарикони турк аҳамияти зиёд қоил аст", аммо мавқеи Путин дар гуфтугӯҳои пеши рӯ "бетағйир хоҳад буд".

Дар ҷанги Сурия, ки бештар аз 9 сол аст, давом дорад, Русия аз Башор Асад ва Туркия аз мухолифони мусаллаҳи Башор Асад ҳимоят мекунанд. Соли 2018 Путин ва Эрдуғон созиш карданд, ки дар якҷоягӣ сулҳу амниятро дар вилояти Идлиб, шимолу ғарби Сурия таъмин мекунанд.

Аммо чанде пеш артиши Асад ба шимоли Сурия ҳамла бурда, ҳудудҳои зери назорати мухолифонро дар ихтиёр гирифт. Дар ин ҳамла мавқеъҳои назоратии Туркия ҳам зиён диданд. Туркия баъд аз ин ҳодиса ба Идлиб артиши изофӣ фиристод ва ҳамла ба артиши Асадро оғоз кард.

Ҷанг дар шимолу ғарби Сурия чанд рӯзи охир идома дорад. Ахиран неруҳои ҳавоии Туркия ду ҳавопаймои Су-24-и Сурияро сарнагун карданд. Баъди ин Русия гуфт, наметавонад, амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳои Туркияро дар Сурия кафолат диҳад.

Дар моҳи феврал дар Сурия бештар аз 50 низомии турк кушта шудааст. Туркия гуфт, дар посух садҳо низомии Асадро куштааст. Дар ҳамин ҳол, Туркия мегӯяд, аз даргирӣ бо низомиёни Русия худдорӣ меварзад.

XS
SM
MD
LG