Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони 35 кишварро манъ кардаанд


Фурудгоҳи банйалмилалии Душанбе
Фурудгоҳи банйалмилалии Душанбе

Бино ба гузоришҳо, мақомоти Тоҷикистон аз бими сирояти вируси нави COVID-19 вуруди шаҳрвандони 35 кишварро ба Тоҷикистон манъ кардаанд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 2-юми март аз қавли намояндагони Оҷонси авиатсияи гражданӣ навишт, ин ниҳод аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, аз ин баъд шаҳрвандони кишварҳоеро, ки дар онҳо хуруҷи вируси нав мушоҳида шудааст, ба ҳавопаймо роҳ надиҳанд.

Оҷонсӣ гуфтааст, ин чора "бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши эҳтимолии коронавирус ва таъмини сиҳатии шаҳрвандони кишвар андешида шуд".

Маълум нест, қарор аз кай ҳукми иҷро мегирад. Дар феҳраст ин кишварҳо ҳастанд:

Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Таиланд, Непал, Шри- Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Итолиё, Бритониё, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Шейтсария, Амрико, Канада, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Кувейт, Баҳрайн, Умон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир.

Оҷонсӣ аз ширкатҳо дархост кардааст, ки фурӯши билетҳоро ба шаҳрвандони ин кишварҳо қатъ кунанд, вале маълум нест, ин маҳдудият кай поён меёбад.

Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар Тоҷикистон то кунун касе ба вируси наве, ки моҳи декабри соли гузашта дар Чин пайдо шуд ва то кунун боис ба марги се ҳазоор нафар дар ҷаҳон шуд, гирифтор нашудааст.

Аммо садҳо нафаре, ки аз Чин баргашта буданд, ду ҳафта зери назорати пизишкон қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG