Субҳи душанбеи 2-юми март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, сӯхтор ба амал омад. Мақомот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сӯхтор дар бино ё корпуси рақами дуи ин донишгоҳ, ки онҷо китобхона низ ҷойгир аст, сар зада, алангаи он дигар биноҳоро фаро гирифтааст. Як донишҷӯи ин донишгоҳ гуфт, ки қисмати зиёди китобҳо ба асари ин ҳодиса аз байн рафтаанд.
Як масъули КҲФ дар ҷои ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. То ба ҳол сабабҳои дақиқи ҳодиса маълум нест. Аммо гуфта мешавад, ки сӯхтор бинобар расиши ноқилҳои барқ сар задааст.
Дар пайи ҳодиса мақомоти интизомӣ маҳалро печонида, донишҷӯёнро намегузоранд, ки вориди донишгоҳ шаванд. Донишҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи ҳодиса, имрӯз дар донишгоҳ таътил эълон шудааст. Як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки 18 мошини оташнишонӣ ба маҳал расиданд ва оташро хомӯш карданд.
Ин дувумин оташсӯзӣ дар Душанбе давоми як ҳафтаи ахир аст. Субҳи панҷшанбеи 27-уми феврал дар бинои маҷмааи "Шарқи Озод" маъруф ба ГЖК, низ сӯхтор сар зад. "Шарқи Озод" муассисаи давлатӣ буда, тобеи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷкистон мебошад.