Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, ҳаводиси Кордайро "гуруҳҳои ҷиноӣ" ташкил кардаанд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 1-уми март гуфт, дар шуруъи занозании қавмӣ дар ноҳияи Кордайи кишвараш рӯзҳои 7-8 феврал, ки боиси марги 11 кас шуд, гуруҳҳои ҷиноӣ даст доранд.

"Маълум аст, дар минтақа одамоне ҳастанд, ки ба қочоқ машғуланд. Гуруҳи дигаре ҳам мехост, ба ин тиҷорат шомил шавад. Ба ибораи дигар, ба далели назорати манбаи даромади ғайриқонунӣ миёни ду гуруҳи ҷиноӣ низоъ бархост. Дар натиҷа одамони зиёде зарар дид, 11 кас кушта шуд. Дар ин бора бояд ошкоро суҳбат кард", - гуфт президент Тоқаев. Вай афзуд, мақомот бояд гунаҳкоронро "сарфи назар аз миллаташон" ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

"Дар Қазоқистон баъди беназмиҳои ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбил наздики 90 парвандаи ҷиноӣ боз шуд",-хабар дод муовини аввали корҳои дохилии он кишвар Мурод Кожаев.

Чанд парвандаи ҷиноии дигар дар робита ба итоат накардан ба корманди милиса, латукӯби солхӯрдаҳо ва дигар қонуншиканӣ боз шудааст.

"Ҳамарӯза шумораи парвандаҳо афзоиш меёбад, зеро ҳолатҳои нав ошкор мешавад",-гуфт Кожаев. Вай афзуд, "садҳо одам" бозпурсӣ шудааст ва шумораи умумии боздоштшудаҳо дертар хабар дода мешавад.

Мақомоти Қазоқистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои 7-8 феврал дар ноҳияи Кордай 25 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҳаводиси 7 феврали деҳаҳои ноҳияи Кордай мақомоти ин кишварро водор ба эъломи ҳолати фавқулода дар ин ноҳия кард.

Мақомот мегӯянд, ҳаводисе, ки ба эҳтимоли зиёд дар пайи "низои маишӣ" сар зад, рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал шуруъ шуд ва дар деҳаҳои ноҳияи Кордай паҳн гардид. Бино бар нақли сокинон, он шаб садҳо марди ғайри маҳаллӣ ба деҳоте, ки аксари сокинонаш дунгантаборон ҳастанд, омада, ба латту кӯби бошандагон ва оташ додани хонаҳову мағозаҳо ва мошинҳо шуруъ карданд.

Дар натиҷаи ин занозанӣ 11 кас кушта ва садҳо нафар бо шумули 17 корманди пулис захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG