Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба истеъфои Назарбоев баъди марги Дулат Агадил


Тазоҳурот бо талаби истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон
Тазоҳурот бо талаби истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон

Ҳудуди 80 сокини Қазоқистон ба хотири гиромидошти ёдбуди фаъоли маданӣ Дулат Агадил, ки дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Нурсултон ҷон бохт, назди ёдгории Истиқлол дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато ҷамъ шуданд.

Дар дасти бештари ҷамъшудаҳо акси Агадил буда, онҳо дар марги ӯ мақомоти Қазоқистонро айбдор карданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, фаъоли мадании қазоқро "нобуд" кардаанд. Сокинони Алмато пас аз дуо дар ҳаққи Агадил муҷозоти онҳоеро талаб карданд, ки сабабгори марги фаъоли маданӣ шудаанд.

Пас аз марги Дулат Агадили 43-сола дар идораи пулис, ки мақомот мегӯянд, бар асари бемории дил вафот кард, даъватҳо ба истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раисии якумрии Шӯрои амнияти миллии ин кишвар бештар шудаанд.

Ҷонибдорон ва дӯстони фаъоли маданӣ мегӯянд, ба фарзияи расмии марги Агадил бовар надоранд. Ба назари онҳо, эҳтимол дорад, Агадил ба қатл расонида шуда бошад.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25 феврал хабар дод, ки Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти Агадил нашр шуд, ки нишон медиҳад, афроде дар либоси мулкӣ ӯро боздошт карда, нисбаташ аз нерӯи ҷисмонӣ кор мегиранд. Сардори департаменти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Арман Саданов гуфт, амали кормандони пулис санҷида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG