Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба хотири Украина таҳримҳои зидди Русияро тамдид кард


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Кохи Сафед бо нашри изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, муҳлати таҳримҳои зидди Русия ба иллати вазъ дар Украина ва ишғоли нимҷазираи Қрим дигарбора тамдид шуд.

Дар иттилоияи фиристодашуда ба Конгресс омадааст, ки сиёсат ва амалҳои Русия ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА ҳамоно сахт таҳдид карда, равандҳои демократиро дар Украина ба ҳам мезананд. Ҳамчунин ба амният, субот, сулҳ, тамомияти арзӣ ва ягонагии он кишвар хатар доранд.

Русия моҳи марти соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ғасб кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо маҳкум кардани амали Русия "пайвастан"-и Қрим ба ҳайати он кишварро ғайриқонунӣ номиданд. Дар натиҷа кишварҳои Ғарб зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълом карданд. Вале Кремл ишғоли Қримро рад карда, мегӯяд, "адолати таърихӣ барқарор шудааст".

Таҳримҳо бори нахуст зидди Русия соли 2014 эълом шуданд. Президенти пешини ИМА Барак Обама фармони таҳрими як қатор бонку корхонаҳо ва шахсони воқеӣ, аз ҷумла хидматчиёни давлатӣ ва низомиёнеро имзо кард, ки дар ишғоли Қрим даст доранд. Ҳамчунин содироти молҳои амрикоӣ ба нимҷазира манъ аст. Дертар ин таҳримҳо афзоиш дода шуданд.

XS
SM
MD
LG