Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ сол пас аз куштори мармузи Борис Немтсов. Фармоишгар кӣ буд? ВИДЕО


Борис Немтсов.
Борис Немтсов.

Нижний-Новгороди Русия. Дар соли 1988, се сол қабл аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, сокинони Горкий -- шаҳре дар 400-километрии Маскав дар майдони марказӣ ҷамъ омаданд ва алайҳи тарҳи бунёди метро, ки бахшҳое аз биноҳои таърихиро дар бар мегирифт, эътироз карданд.

Бо истифода аз фазои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ (перестройка ва гласност) – ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки аз сӯи раҳбари Шӯравӣ Михаил Горбачев роҳандозӣ шуд, ҷамъомадагон хаймаҳо заданд ва ба муддати се ҳафта истодагарӣ карданд, то ин ки мақомот қавл доданд, биноҳои таърихиро ба ҳоли худ мегузоранд.

Борис Немтсов вақте, ки ба ин тазоҳурот пайваст, ҳамагӣ 28 сол дошт ва ба унвони муҳаққиқ дар Донишкадаи физикаи ин шаҳр фаъолият мекард. Ӯ аз ҷамъомадагон хост, ки алайҳи тарҳи бунёди нерӯгоҳи атомӣ дар Горкий имзо ҷамъ кунанд. Ин эътирозҳо ва ҷамъоварии имзо, ҳамагӣ ду сол баъд аз фоҷеаи Чернобил дар Украина сурат мегирифт. Немтсов аз фаъолоне буд, ки хостори лағви ин тарҳ буд. Ин аввалин қадами ин физикдон ба сиёсат буд.

Пас аз як мусобиқаи теннис дар Нижний-Новгород дар тобистони соли 1994, президент Борис Елтсин ба хабарнигорон гуфт, фарде, ки вай ҳокими вилоят таъйин кардааст, "метавон ӯро барои президентӣ дар назар гирифт". Барои солҳо оқои Немтсов ҷойнишини эҳтимолии Елтсин буд.

Панҷ сол пас аз марги мармузи Борис Немтсов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:17 0:00

Аммо 27-уми феврали соли 2015, замоне, ки Борис Немтсов дар болои Пули калони Маскав дар маркази шаҳр кушта шуд, яке аз машҳуртарин раҳбарони мухолифони сиёсӣ ва аз мунтақидони сарсахти президент Путин ба шумор мерафт. Ангушти иттиҳом дар ин куштор ба сӯи мақомоти Кремл равона шуд.

Дар соли 2017 панҷ мард дар Чеченистон барои қатли Немтсов ба зиндон маҳкум шуданд. Аммо наздикон ва мунтақидон гумон мекунанд, ки дастури қатл дар сатҳи болотар содир шудааст.

Қатли раҳбари машҳури мухолифони Русия Борис Немтсов дар 27-уми феврали соли 2015 нерӯҳои тарафдори демократия дар саросари ҷаҳонро дар ҳолати шок қарор дод. Бо гузашти панҷ сол аз ин ҳодиса, ин суол ҳанӯз беҷавоб боқӣ мондааст, ки фармоишгари ин куштор кӣ буд?

Жанна Немтсова, духтари Борис Немтсов, ки қасд дорад дар 29-уми феврал дар роҳпаймоӣ ба муносибати 5-уми солгарди қатли падараш дар Маскав иштирок кунад, гуфт, ки мероси падараш ба унвони як сиёсатмадор, мардумро бо андешаҳои гуногуни сиёсӣ, ба худ ҷазб мекунад.

Борис Немтсов аз сиёсатмадорони маъруфи солҳои 90 дар Русия шинохта мешуд. Немтсов солҳои 1991-1997 ҳоким ё волии вилояти Нижний Новгород ва солҳои 1997-1998 муовини якуми сарвазири Русия буд. Немтсовро дар поёни солҳои 90 ҳатто яке аз ворисони эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ном мебурданд.

Аммо интихоби хонаводаи пурнуфузи Елтсин дар масъалаи ворис дар ниҳоят рӯи Владимир Путин, ки он замон ҳанӯз дар як мақоми хурде дар маъмурияти президент кор мекард, қарор гирифт ва Путинро дар як муддати кӯтоҳ ибтидо раиси ФСБ, баъд сарвазир ва дар ниҳоят ба ҷои Елтсин президент карданд.

Баъди ба сари қудрат омадани Путин Борис Немтсов аз ҳукумат канор рафта, ба мухолифин пайваст. Ӯ дар солҳои охир яке аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Путин ба шумор мерафт ва дар бораи фасодзадагии мақомоти баландпояи ин кишвар чандин гузориши муфассал таҳия ва нашр кард. Наздиконаш мегӯянд, Немтсов замоне кушта шуд, ки ба нашри як гузориши муфассал дар бораи даст доштани Русия дар ошӯбҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина омодагӣ мегирифт.

XS
SM
MD
LG