Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"МедиаМаркер" -- Тарҳи нави рӯзноманигорони тоҷик дар Аврупо


Вебсайти "МедиаМаркер" ҳоло ба таври санҷишӣ кор мекунад
Вебсайти "МедиаМаркер" ҳоло ба таври санҷишӣ кор мекунад

Кунгураи аврупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик, қароргоҳаш дар Варшава, торнамо ё вебсайти нави худро бо номи "МедиаМаркер" ва бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ кард.

Масъулони тарҳ рӯзи 24-уми феврал бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки ҳадафи онҳо "таъмини озодии баён, постдошти арзишҳои демократӣ, тавлиди ахбори боэътимод, ошкор кардани ахбори дурӯғ ва беарзишсозии пропаганда дар зеҳни корбарон, ҳамчунин тадриҷан зудудани сонсур (сензура) ва худсонсурӣ аз муҳити расонаии Тоҷикистон" аст.

Тарҳ ба корбарон ҳам имкон медиҳад, ки худашон ба сифати маводи расонаҳо баҳо диҳанд.

Вебсайти "МедиаМаркер" ҳоли ҳозир ба таври санҷишӣ кор мекунад ва 11-уми март, дар рӯзи иди матбуоти тоҷик, расман фаъол хоҳад шуд.

Буҷаи тарҳ дар сол беш аз 57 ҳазор доллар будааст, ки ба гуфтаи масъулонаш 36 ҳазор доллари онро Комиссияи грантҳои хурди Амрико ва боқимондаро муаллифи тарҳ Саймуддин Дӯстов медиҳад. Дӯстов муассиси хабаргузории "Тоҷнюс" ва нашрияи "Нигоҳ" аст.

Кунгураи рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик моҳи апрели соли 2019 дар Лаҳистон бо ҳадафи "инкишофи маҳорати касбии рӯзноманигорону блогнависон ва боло бурдани маърифати расонаӣ дар ҷомеа" таъсис ёфт.

Дар панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон фаъолияти баъзе аз расонаҳои мустақил қатъ шуд ва бархе аз рӯзноманигорон ба Аврупо паноҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG