Додгоҳе дар ИМА мушовири пешини президент Доналд Трамп -- Роҷер Стоунро 3 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ пештар дар додани баёноти дурӯғ ба Конгресс, монеи адолат шудан ва фишор овардан ба шоҳидон айбдор дониста шуда буд.
Айбҳои зидди Стоун ба тафтишоти додситони махсуси Амрико Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи он кишвар рабт дорад. Дар асоси ин тафтишот пештар низ чандин узви ситоди Трамп ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Стоун дар ҷаласаи Палатаи намояндагони ИМА дар бораи иртиботи худ бо сомонаи WikiLeaks, ки компютерҳои Ҳизби демократро рахна ва санадҳоеро нашр карда буд, баёноти дурӯғ додааст. Тавре муайян шуд, Стоун медонистааст, ки WikiLeaks санадҳои дуздидашуда аз компютерҳои Ҳизби демократро дар ихтиёр дорад.
Додситон барои мушовири 67-солаи пешини Трамп аз 7 то 9 соли зиндонро талаб карда буд. Ин дархост хашми Трампро ба бор овард. Додситони кулли ИМА Уилям Барр дастур дод, ки ҳукм бозбинӣ шавад. Дар натиҷа чаҳор додситон, ки парвандаро тафтиш мекарданд, истеъфо доданд. Демократҳо Трампро дар монеъ шудан ба адолат айбдор карданд.