Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи интернет дар Қазоқистон ва талоши мақомот барои ислоҳи вазъ


Рӯзи якшанбеи 16-уми феврал дар Қазоқистон аз кор мондани чанде аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, Youtube ва хизматрасонҳои Google мушоҳида шуд.

Корбарони аз суръати кунди Интернет шикоят доранд. Мушкили дастрасӣ ба паёмрасони Telegram чанд рӯз аст, ки давом дорад.

Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев дастур дод, "фаъолияти ҳамаи сомонаҳову шабакаҳо барқарор шавад". Тоқаев айни ҳол бо сафари корие дар Олмон қарор дорад.

Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон давоми чанд соли охир асосан шабона рух медод. Мақомоти Қазоқистон қатъи дастрасиро ба "мушкилоти техникӣ" рабт медоданд. Фароҳамкунандагони Интернет мавҷудияти "мушкили техникӣ"-ро рад мекарданд.

Қатъи густардаи Интернет дар Қазоқистон 9-уми май ва 9-уми июни соли 2019 низ рух дода буд. Он замон сокинон бо нишони эътироз ба кӯча баромаданд ва мақомот қисме аз эътирозгаронро боздошт карданд.

Мақомоти қудратии Қазоқистон ҳаққи қатъи Интернет ва васоили иртибототиро дар ҳолатҳои фавқулодда доранд.

XS
SM
MD
LG