Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон эътироф кард, ки дар ҳаводиси Андиҷон мардумро нерӯҳои ҳукуматӣ паронданд


Неруҳои қудратӣ дар яке аз хиёбонҳои Андиҷон. 17-уми майи соли 2005.
Неруҳои қудратӣ дар яке аз хиёбонҳои Андиҷон. 17-уми майи соли 2005.

Муовини Додситони кулли Узбекистон Светлана Ортиқова эътироф кард, ки 13-уми майи соли 2005 дар Андиҷон ба самти сокинони осоишта на гуруҳҳои мусаллаҳ, балки нерӯҳои ҳукумати ин кишвар оташ кушода буданд.

Ортиқова дар суҳбат бо расонаи Qalampir.uz гуфт, бархе аз мансабдорони давлатӣ, ки дар оташкушоӣ ба сӯи сокинони осоишта даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале ӯ ному насаби муҷозотшудаҳоро дақиқ нагуфт. "Бархе аз онҳо аллакай ба зиндагии муқаррарии худ баргаштаанд",-афзуд Ортиқова.

Тошканди расмӣ то ба имрӯз мегуфт, ки сокинони осоиштаро на нерӯҳои ҳукуматӣ, балки гуруҳҳои мусаллаҳ паронданд.

Ортиқов дар посух ба суоли ин ки чаро то ҳол дар бораи ҳаводиси Андиҷон озод ҳарф зада намешуд, гуфт, дар се соли ахир Узбекистон тағйир ёфтааст. "Он замон Узбекистон пушида буд. Он вақт ҳамкории мо бо расонаҳои хориҷӣ хеле сахт буд. Имрӯз Узбекистони нав ва сиёсати дигар дорем. Имрӯз озодии сиёсии нав дорем. Ҳатто мову шумо низ нав шудаем",-изҳор дошт муовини додситони кулли Узбекистон.

Ортиқова дар шарҳи ронда шудани намояндагони расонаҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон илова кард, ки "он замон вазъ инро талаб мекард".

Бино ба иттилои ҳукумати Узбекистон, дар ҳаводиси Андиҷон 187 кас кушта шудаанд. Вале шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, шаби 13-уми майи соли 2005 дар Андиҷон садҳо, эҳтимол дорад, ҳазорҳо одам кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG