Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумат ва Додситонии кулли Тоҷикистон


Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Рӯзи 14-уми феврали имсол дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар тағйироти кадрӣ ваё, ба гуфтаи мунтақидон, "ҷойивазкунии кадрҳои куҳна" сурат гирифт.

Бино ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Ширин Исматуллозода муовинони нави сарвазир таъин шуданд.

Гулмаҳмадзода пештар дар мансаби раиси вилояти Хатлон кор кардааст. Як соли ахир раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон буд.

Ширин Исматуллозода мудири Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе буд.

Ҳамчунин дар ин рӯз президенти Тоҷикистон барои аз мансаби муовини аввали додситони кул озод кардани Ҳотам Назарзода ризоят додааст. Сабаби ин тасмимро "ба кори дигар гузаштан" гуфтанд.

Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов низ бо далели "ба кори дигар гузаштан" аз мансаби муовинони додситони кул озод шудаанд.

Ҳоло номзадии Абдуғаффор Ҳикматуллозода ба мақоми муовини аввал ва Дилшод Талбакзода ва Абдураҳим Раҳимзода ба мақоми муовинони додситони кул ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод шудааст. Палатаи болоии порлумон бояд номзадии онҳоро тасдиқ кунад.

Рӯзи ҷумъа додситонҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино низ иваз шуда, дар прокуратураи чанд ноҳияи дигар тағйирот сурат гирифтааст.

Соли 2020 барои ҳукумати Тоҷикистон бо ҷобаҷогузории кадрӣ оғоз шуд. Аммо дар баробари навсозии ҳайати ҳукумат ҳамчунин ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа аксари таъиншудаҳо ҷойи пешини худро тағйир доданд.

Бархе коршиносон инро як таҷрибаи маъмулии мудирияти давлат медонанд, баъзеи дигар инро як нишонаи рӯшани қудратгаройӣ ва набуди имкони ҷалб шудани чеҳраҳои нав ба низом медонанд.

XS
SM
MD
LG