Дар Тоҷикистон онҳое, ки синнашон аз 100 сол боло аст, 108 нафар мебошанд. Дар ин бора масъулони Оҷонсии омор рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд. Гулнора Ҳасанзода, раҳбари ин ниҳод гуфт, ки аз ин теъдод, 50 нафарашон дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Ӯ умри миёнаи мардони тоҷикро 72 ва аз занонро 76,1 сол гуфт. Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 9 миллион нафар аст.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз рӯйи мизони таваллуд дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пештоз аст. Бино ба омори расмӣ, солона шумораи мардуми Тоҷикистон 2,2 дарсад, яъне то 200 ҳазор зиёд мешавад. Агар соли 1990 дар аҳолии Тоҷикистон 5,4 миллион нафар буд, пас, соли 2018 ин шохис ба 9,1 миллион баробар шудааст. Мувофиқи Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, аҳолӣ бояд то 11,5 миллион нафар боло равад.