Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Чин кӯмаки башарӣ мефиристад


Кӯмакҳои башардӯстона ба Чин. Акс аз бойгонӣ.
Кӯмакҳои башардӯстона ба Чин. Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон тасмим дорад, бо ҳадафи кӯмак дар амри мубориза ва маҳви хуруҷи вируси нав ба Чин кӯмаки башарӣ ирсол кунад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 11-уми феврал амр содир кард.

Дар девони вазирони Узбекистон гуфтанд, кӯмаки башарӣ аз маводи тиббӣ, дастпӯшҳои тиббӣ, камзулҳои муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббӣ иборат хоҳад буд.

Кӯмакҳои башариро то Чин Вазорати ҳолатҳои фавқулодДаи Узбекистон мерасонад.

Бино ба иттилои ахир, шумори қурбониён аз вируси нав дар Чин ба 1113 тан ва шумораи гирифторон ба 45 ҳазор кас расидааст.

XS
SM
MD
LG