Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни узбек аз донишгоҳҳои Қазоқистон ҳам бозхонд шуданд


Донишҷӯён дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯён дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбекистон донишҷӯёни узбекро на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз тамоми макотиби олии кишварҳои Осиёи Марказӣ бозхондаанд.

Дар Чимкенти Қазоқистон садҳо донишҷӯи узбек ҳуҷҷатҳояшонро аз донишгоҳ дастаҷамъона бозпас мегиранд. Дар натиҷа навбатпоиҳои тӯлонӣ ба миён омадаааст. Танҳо дар Чимкент беш аз 15 ҳазор донишҷӯи узбек таҳсил мекунад. Донишҷӯён шикоят доранд, ки дар як рӯз наметавонанд ҳамаи имзоҳоро ҷамъоварӣ карда, ҳуҷҷатҳоро бозпас гиранд.

Бештари онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшонро аз донишгоҳҳои Қазоқистон мегиранд, дар донишгоҳҳои Узбекистон ғоибона ё фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард. "Бале, ман инҷо мехонам. Ман 52 сол дорам. Барои хондан ба инҷо омадаам. Вале ҳоло президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев даъват кард, ки дар ватан таҳсилро идома диҳем. Инҷо одамон хеле зиёданд. Онҳо наметавонанд ба ҳама сари вақт ҳуҷҷатҳоро бозпас диҳанд", - изҳор дошт шаҳрванди Узбекистон Мухтор Омонов.

Ба гуфтаи раҳбарияти донишгоҳи Чимкент, тақрибан ними донишҷӯёни узбек аллакай ба ватан баргаштаанд. Аз ним камтари онҳо феълан тасмим доранд, ки таҳсилро дар Қазоқистон идома диҳанд.

Ба донишҷӯёни узбеке, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, расман гуфта шудааст, донишгоҳҳои ин кишвар дар феҳристи миллии узбекистон нестанд ва бинобар ин, маълумоти гирифтаи онҳо зери шубҳа қарор хоҳад гирифт. Сабаби бозхонд аз Қазоқистон гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG