Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия Русияро дар ҳамла ба сокинони осоиштаи Сурия айбдор кард


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон Русияро дар ҳамла ба сокинони осоиштаи вилояти Идлиби Сурия айбдор кард. Вай ҳамчунин нерӯҳои ҳукумати Сурияро таҳдид намуд, ки агар бори дигар ба низомиёни турк ҳамла кунанд, ҳадафи ҳамлаи ҷавобӣ қарор хоҳанд гирифт.

Вазорати дифои Русия дар вокуниш ба суханҳои Эрдуғон гуфт, изҳороти президенти Туркия ҳақиқат надорад. Вазорат афзуд, ки гуруҳҳои террористӣ дар Сурия аз сокинони осоишта ҳамчун "сипари зинда" истифода мебаранд.

Ҳафтаи равон дидбонгоҳи назоратии нерӯҳои Туркия дар Идлиб мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа беш аз даҳ низомии турк кушта шуд. Анқара аз Москва хост, ба президенти Сурия Башор Асад фишор орад, то амалиёти ҷангиро дар минтақа қатъ кунад.

Дирӯз расонаҳо аз задухӯрди нерӯҳои амрикоӣ бо артиши Асад ва кушта шудани як сокини маҳаллӣ дар он иттилоъ доданд. Нерӯҳои Сурия нозирони амрикоиро боз дошта, ба ҳаво оташ кушодаанд. Низомиёни амрикоӣ низ оташи ҷавоб кушодаанд, ки дар натиҷа як нафар кушта шудааст. Ба иттилои расонаҳои туркӣ ва суриягӣ, сипас ҳавопаймои амрикоӣ зарбаеро анҷом додааст.

Ба иттилои хабаргузории "Reuters", эътилофи ба раҳбарии ИМА задухӯрди низомиёни амрикоӣ бо артиши Сурияро тасдиқ карда, вале дар бораи талафоти ҷонӣ ва зарбаҳои ҳавоӣ чизе нагуфтааст. Танҳо афзуда, ки вазъ дубора муътадил шуда, нозирон ба пойгоҳ баргаштаанд ва санҷиши ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG