Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Беш аз як моҳ аст, ки дар Чин вируси нави корона хуруҷ кардааст ва чандин кишварҳо марзҳои худро бо Чин бастанд ва дар Тоҷикистон низ нигарониҳое ҳаст, ки бо вуруди мол вируси нав ба Тоҷикистон роҳ наёбад. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, дар воридоти мол аз Чин маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва пайдоиши вируси нав дар Чин ба тиҷорат миёни Душанбе ва Пекин таъсири ҷиддие нагузоштааст.
Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳарчанд тиҷорат бо Чин дар моҳи январ ва аввали феврали имсол нисбат ба солҳои гузашта каме камтар шудааст, аммо он чашмрас нест. Ин камомад ба гуфтаи ҷаноби Турсунзода, бештар ба маҳдудиятҳо аз ҷониби Чин рабт дорад. Муовини аввали раиси Хадамоти гумрук афзуд, дар аввали моҳи феврал аз Чин 51 нақлиёт камтар мол ба Тоҷикистон маҳсулот ворид шуд.
Масъулини Хадамоти гумрук мегӯянд, назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст, вале Тоҷикистон барои воридоти мол аз Чин маҳдудият ҷорӣ накардааст. Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук гуфт, баръакс худи Чин дар содироти баъзе маҳсулот ба хориҷ аз ин кишвар маҳдудият ҷорӣ кардааст.
Аммо мақомоти Хадамоти гумрук гуфтанд, назорат дар марз бо Чин бахусус дар вақти ворид кардани маводи хӯрокворӣ сахтар шудааст ва як мақоми ин ниҳод гуфт, воридоти маҳсулоти хӯрока манъ аст. Аммо аз маҳсулоти хӯрока Тоҷикистон аз Чин танҳо чойи хушк ворид мекунад.
Чин яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи мол ба Тоҷикистон аст ва густариши доманаи вируси хатарнок дар ин кишвар мояи нигаронии баъзе аз тоҷирону харидорони тоҷик шудааст. Тоҷирон мегӯянд, баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Чин дар пайи хуруҷи ин вирус, тиҷорати онҳоро мушкил мекунад ва ба болоравии нарх дар бозор сабаб мешавад.