Ба арзёбии Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳар чаҳорумин тоҷикистонӣ шомили табақа ва ё қишри миёна аст ва сатҳи зиндагии худро метавонад миёнҳол тавсиф кунад. Ба ҳисоби ин ниҳод, шахсе дар Тоҷикистон ба қишри миёнҳол шомил аст, ки дар як моҳ беш аз 356 сомонӣ харҷ кунад. Аз рӯи ин меъёр 24 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба қишри миёна шомил ҳастанд. Аммо агар ин меъёр бо мизони табақаи миёнаи ҷаҳонӣ қиёс шавад, қишри миёнаҳоли Тоҷикистон дар берун камбизоат ба шумор мераванд.
Дар арзёбии некӯаҳволии мардум, Оҷонсии омор на сатҳи даромад, балки хароҷотро ченак қарор додааст. Масъулон мегӯянд, сокинон ба ошкор кардани даромади худ чандон моил нестанд ва аксар вақт мекӯшанд, онро пинҳон доранд. Аз ин рӯ, оҷонсӣ барои муайян кардани сатҳи зиндагии мардум на дунболи даромади хонаводаҳо, балки аз пайи хароҷот рафтааст.
Абдувалӣ Қулов, як масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назарсанҷиҳо хонаводаҳо дар бораи хароҷоти худ нисбатан ошкоро сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Оҷонсии омори Тоҷикистон дар арзёбии некӯаҳволии мардум аҳолии кишварро ба даҳ табақа тақсим мекунад.
Ӯ гуфт, "бино бар маълумоти охирине, ки дар даст дорем, марзи қишри миёнҳоли аҳолӣ 356 сомонӣ муайян шудааст. Яъне, оилае, ки ҳар узваш моҳе аз 356 сомонӣ бештар маблағ масраф мекунад, ба табақаи миёна дохил карда мешавад. Он қисмати аҳолӣ, ки хароҷоти як нафар аз 356 сомонӣ боло то 567 сомонӣ аст, ба табақаи миёна дохил мешавад".
Онҳое ки дар як моҳ аз 567 сомонӣ бештар харҷ мекунанд, ба арзёбии Оҷонсии омор, қишри дорои аҳолӣ маҳсуб мешаванд. Агар сатҳи хароҷоти қишри миёнаи аҳолии кишварро бо мизони табақаи миёнаи байналмиллалӣ қиёс кунем, маълум мешавад, ки миёнҳолони тоҷикистонӣ дар хориҷ камбизоат ҳисобида мешавад.
Барои мисол, бино бар меъёрҳои байналмиллалӣ, шахсе шомили табақаи миёна аст, ки дар як шабонарӯз аз 56 сомонӣ (5,6 доллар) то 115 сомонӣ (11,5 доллар) харҷ мекунад. Яъне дар як моҳ 1780 сомонӣ, ки аз хароҷоти шахси миёнҳол эътирофшуда дар Тоҷикистон сеюним баробар бештар аст.
"Ин пул танҳо барои хариди памперс мерасад"
Мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли охир поён меравад. Сатҳи фақр аз 35 дарсади соли 2015 то 29 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфт. Аммо шумори миёнҳолон ҳадди ақал се соли охир да сатҳи 24 дарсад боқӣ мондааст.
Алишери Камолиддин, ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, агар меъёри 356-сомонаи Оҷонсии оморро ба инобат гирем, ӯ ва ду узви оилааш ба қишри миёна ворид мешаванд, чун хароҷоти ҳар узви хонаводааш аз ин бештар аст.
"Бубинед, ман барои писари хурдам ҳар моҳ 300 сомонӣ танҳо барои памперсаш сарф мекунам. Хароҷоти моҳона аз 2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аммо ман дар мошини иҷора таксӣ меронам, иҷоранишин ҳастам. Ҳама пули ёфтаам барои ҳамин харҷҳо ва хариди хӯрок сарф мешавад. Пул ҷамъ карда наметавонем. Намедонам акнун ман камбизоатам ва ё миёна? Албатта, ба ҳаминаш ҳам шукр", хулоса кард ҳамсӯҳбати мо.
Ин танҳо Алишер нест, ки дар тавсифи вазъи зиндагияш дудила аст.
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд бархурди тоҷикон ба сатҳи зиндагӣ бисёр субъективӣ аст ва назарпурсии оддӣ наметавонад воқеиятро ошкор созад. Ин пажӯҳишгари тоҷик, ки даҳҳо назарпурсӣ ва тадқиқот анҷом додааст, мегӯяд, бинобар мафкура ва ё хулқи миллии тоҷикӣ, одамон дар Тоҷикистон намехоҳанд камбизоат будани худро эътироф кунанд.
"Бисёриҳо аз камбизот эътироф кардани худ шарм медоранд. Пурсед, мегӯянд, "Худоро шукр, ҳама чиз дорем, нон дорем, бачаҳо мактаб мераванд, либос доранд". Аммо вақте бо чашми худ бо вазъи оилавии ин одам шинос мешавед, шароити зиндагиашро мебинед, бовар ҳосил мекунед, ки ба қишри миёна ӯро шомил карда намешавад",- иброз дошт Олимов.
Бори охир талоши муайян кардани шумори қишри миёна дар Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Пажӯҳишгарони ин марказ он замон мушаххас карда буданд, ки ҳар хонаводае, ки дар Тоҷикистон солона 30 ҳазор сомонӣ ё бештар аз он даромад ба даст меорад, соҳиби маълумот, манзил ва мошин аст, пасандози зиёд ва имкони молӣ барои истироҳат ва таҳсили фарзандон дар дохилу хориҷро дорад, қишри миёна шумурда мешавад. Аз рӯи ин меъёр, 22 дарсади аҳолии Тоҷикистон табақаи миёнҳол эътироф шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки музди кори сокинони Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ пасттарин дониста шуда, ба ҳисоби миёна чизе бештар аз 100 долларро ташкил медиҳад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!