Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақр дар Тоҷикистон кам нашуд, "аммо сокинон аз зиндагӣ розӣ будаанд" ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Бино ба тадқиқоте, ки аз сӯи тарҳи "Слушая Таджикистан"-и Бонки Ҷаҳонӣ таҳия ва нашр шуд, дар Тоҷикистон суръати коҳиши фақр кам шудааст ва сокинон дар соли 2019 худро бештар камбизоат эътироф кардаанд.

Натиҷаи тадқиқот охири моҳи декабри соли гузашта нашр шуд. Муаллифон мегӯянд, барои ба чунин хулоса расидан вазъи зиндагӣ ва некӯаҳволии 1400 оила аз минтақаҳои Тоҷикистонро пурсиданд.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз 9 миллиону 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон 27,4 дарсад камбизоатанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охираш ба порлумон ин рақамро тасдиқ кард ва гуфт, дар ҳафт соли оянда мизони камбизоатиро то 18 дарсад поин хоҳанд овард.

Ба хулосаи гузоришгарони "Слушая Таджикистан", бо вуҷуди коҳиши кунди мизони фақр дар Тоҷикистон, дараҷаи "қаноатмандӣ аз зиндагӣ" хеле болост. Танҳо 8 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз сатҳи зиндагиашон қонеъ нестанд.

Ба хулосаи муаллифон камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз муҳоҷират ва камҳосилӣ вобаста аст. Муаллифони тадқиқот мегӯянд, "муҳоҷират яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани камбизотӣ аст, аммо даромад аз муҳоҷират низ мавсимист. Даромади хонаводаҳо аз ҳисоби муҳоҷират аз 7 то 17 дарсад тағйир меёбад."

Тадқиқот собит кардааст, ки некӯаҳволии қисмате аз хонаводаҳо устувор нест ва вобаста аз фасли сол оилаҳо аз фақр раҳо мешаванд ва дубора ба он рӯ ба рӯ мегарданд.

Бештар аз чунин хонаводаҳо ба гуфтаи муаллифон "дар охири фасли зимистон ва аввали баҳор" ба камбуди маводи ғизо дучор меоянд, чун “имконияти даромад гирифтан ҳам коҳиш меёбад”.

Як бахше аз сокинон аз сифат ва интиқоли мунтазами барқ ба хонаҳояшон қонеъ набудаанд.

Муаллифони "Слушая Таджикистан" менависанд, "хавфи норасоии ғизо дар хонаводаҳои камбизоат боқист ва мувофиқи омори соли 2016 тақрибан ҳар 5-умин кӯдаки то 5- сола дар Тоҷикистон бинобар норасии ғизо қад намекашид.”

Дар Тоҷикистон даромади ҳар чорумин хонавода аз ҳисоби муҳоҷират аст. Дар соли гузаштаи 2019 танҳо аз Русия ба гуфтаи Игор Лякин Фролов, сафири ин кишвар дар Душанбе, муҳоҷирон ба Тоҷикистон 3 миллиард доллар фиристодаанд.

Назари мардум дар бораи камбизоатӣ. Видео аз бойгонии Озодӣ:

Гуфтанд ба мо: "Камбизоатӣ дар Тоҷикистон кам нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

XS
SM
MD
LG