Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гандуми Қазоқистон қимат шуд", нархи орд дар Тоҷикистон боз афзуд. ВИДЕО


Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз гарон шудани нархи орд дар бозорҳои пойтахт шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ду ҳафтаи ахир қимати як халта орди панҷоҳкилоӣ тақрибан 40 сомонӣ афзуда, ба марзи 220 сомонӣ расидааст. Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши қимати ордро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, "аз омилҳои берунӣ вобастааст". Тоҷирони тоҷик мегӯянд, агар ҳукумат ба онҳо барои ворид кардани орду гандум аз хориҷа имтиёз диҳад, нархро дар сатҳи поинтар нигоҳ хоҳанд дошт.

"Пештар як халта ордро ба қимати 170-180 сомонӣ мегирифтем. Чанд муддат боз 220 сомонӣ шудааст. Пеш бурдани зиндагӣ мушкил. Мо хоҳони он ҳастем, ки нархи ордро арзон кунанд. Роҳҳои поин кардани нархро ёбанд", -- гуфт Гулсанам Рустамова, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ.

Сокинони кишвар одатан дастархони худро бе нон тасаввур карда наметавонанд. Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон ҳам мегӯянд, соли гузашта истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ба ҳисоби миёна ба як узви хонавода беш аз 120 килоро ташкил додааст, ки "ин барои ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ хос аст".

Дар як соли ахир дастикам бори шашум аст, ки қимати орд зина ба зина боло меравад. Гароншавии нархи орд дӯконҳои нонпазиро низ ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Онҳо мегӯянд, роҳҳои нави мутобиқ шудан ба нархи нави ордро ҷустуҷӯ доранд.

Абдулазиз Аскаралиев, корманди яке аз нонпазхонаҳои пойтахт гуфт, "муштариён мепурсанд, ки чаро нон хурд шудааст? Орд қимат шудааст, мо чӣ кор кунем? Чораи дигар нест, ба ҷуз он ки нонро хурдтар кунем. Муштариёнро аз даст надиҳем мегӯем."

Мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши якбораи нархи орду гандум дар Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Дилшод Музаффарзода, намонядаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ далели ин вазъро чунин шарҳ дод: "Дар як сол аз Қазоқистон ба кишвар аз 700 ҳазор то 1 миллион тонна гандум ворид карда мешавад. Баъдан онро дар корхонаҳо орд мекунанд. Сабаби болоравии нархи орд дар Тоҷикистон афзоиши қимати гандум дар Қазоқистон аст. Нисбат ба соли гузашта нархи гандум дар Қазоқистон беш аз 20 дарсад афзудааст."

Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад ва ҳудуди як миллиони он аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Бақияро Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мекунад ва дар шашмоҳаи аввали имсол ба кишвар беш аз 500 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 197 доллар барои як тонна ворид гардидааст.

Идораи захираҳои давлатӣ ба хотири паст кардани шиддати болоравии қимати орду гандум маҳсулоти захиравии худро бо нархи нисбатан поинтар ба фурӯш баровардааст. Дилшод Музаффарзода, намояндаи Хадамоти зиддиинҳиосрӣ гуфт, ​"дар бозор ба ғайр аз субъектҳое, ки ба коркард ва истеҳсоли орд машғул ҳастанд, инчунин, корхонаҳои дигар аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон барои ба эътидол овардани нарх вобаста гардидаанд. Масалан, Оҷонси захираҳои моддии назди ҳукумат. Инҳо бевосита орду гандум ворид мекунанд, коркард мекунанд ва дар бозорҳо ба нархи арзонтар мефурӯшанд. Ба ин восита дар бозор рақобатро ба вуҷуд меоранд ва аз баландшавии беасоси нарх пешгирӣ мекунанд."

Бархе аз тоҷирон гуфтанд, ки воқеан қимати гандқм дар Қазоқистон гарон шудааст ва онҳо чораи дар як сатҳ нигоҳ доштани нархи ордро надоранд. Яке аз ин тоҷирон гуфт, "агар мақомот барои воридоти орду гандум аз хориҷа сабукӣ диҳанд, он вақт дар сатҳи поинтар нигоҳ доштани нарх вуҷуд дорад. Ё бояд коре кунанд, ки дар дохили кишвар гандуми бештар ҷамъ биоранд."

Дар ҳоле ки ҳам мақомот ва ҳам тоҷирон гаронии нархи гандумро дар Қазоқистон яке аз далелҳои асосии болоравии нархи орд дар кишвар донистанд, яке аз корбарони Фейсбук рӯзи 14-уми ноябр навишт, "дар Қазоқистон як халта орд харидем ва он ба ҳисоби пули миллии мо 70-80 сомонӣ аст. Наход нархи роҳкиро то Тоҷикистон 120 сомонӣ шавад?"

Тоҷирон дар баъзе аз нуқтаҳои Душанбе орди қаблан воридкардаро бо нархи нисбатан поинтар мефурӯшанд. Аммо интизор меравад бо тамом шудани захираҳо қимати орд дар ҳамаи бозорҳо боло меравад.

Шарҳҳоро бинед (17)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG