Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Қирғизистон сокинон зидди коркарди кони ангиштанд


Сокинони деҳаи Согондуи ноҳияи Алайи Қирғизистон зидди коркарди кони ангиште эътироз доранд, ки дар наздикии деҳаи онҳо қарор дорад.

Сокинон мегӯянд, коркарди кон ба муҳити зист зиён мерасонад: дарахтҳо бурида мешаванд ва оби дарёи Гулҷо ифлос мегардад.

"Ин ҷойҳо чарогоҳ ба ҳисоб меравад, сар аз моҳи март мо аспҳоро инҷо меорем. Мо аз ибтидо зидди коркарди кон будем. Обро ҳам ифлос мекунанд",-гуфт Миртемир Раҳмонбердиев, як сокини маҳаллӣ.

Замир Молдокулов, раиси ноҳияи Алай бо эътирозгарон мулоқот кард.

Корҳои иктишофӣ дар кони мазкур муайян карданд, ки дар майдони 119,93 гектар ангишт мавҷуд аст. Иҷоза барои коркарди кон ба ширкати "Бикипинг" дар соли 2017 дода шудааст.

XS
SM
MD
LG