Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод шабгардии хонандагони синфҳои болоӣ манъ шуд


Мактабҳои туркман. Акс аз бойгонӣ.
Мактабҳои туркман. Акс аз бойгонӣ.

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба хонандагони синфҳои болоӣ ҳушдор додаанд, ки баъди соати 10-и шаб ба кӯча набароянд.

"Раҳбарони синфҳои 8, 9, 10 ва 11 рӯзи 6 феврал тақрибан дар ҳамаи мактабҳо, аз ҷумла мактаби миёнаи рақами 15 ҷаласа баргузор карда, ба хонандагон ҳушдор додаанд, ки пас аз соати 10-и шаб баромадан ва гаштугузор кардан дар берун барои онҳо манъ аст",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми феврал.

Ба гуфтаи волидон ва хонандаҳо, раҳбарони синфҳо наврасонро ҳушдор додаанд, ки агар онҳоро пас аз соати 10-и шаб дар берун боздошт кунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

"Вале ба хонандагон нагуфтаанд, ки чи гуна муҷозот мешаванд. Ба хонандагон танҳо гуфтаанд, агар боздошт шуданд, волидонашон низ ба идораи пулис даъват мешаванд. Ҳамчунин амр шудааст, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд",-афзуд хабарнигор.

Раҳбарон ва омӯзгорони мактабҳои пойтахти Туркманистон ин дастурро шарҳ намедиҳанд. Танҳо гуфтанд, "наврасон дар замони гузариш бояд шабона дар хона бошанд".

Миёнаҳои моҳи январ хабарнигорони радио дар Ишқобод, Балкан, Дашоғуз ва Лебапи Туркманистон хабар доданд, ки ба хонандагон ва омӯзгорони мактабҳои миёна истифодаи телефони мобилӣ манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG