Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини раиси вилояти Алматои Қазоқистон барканор шуд


Багдат Манзоров, муовини пешини раиси вилояти Алматои Қазоқистон.
Багдат Манзоров, муовини пешини раиси вилояти Алматои Қазоқистон.

Багдат Манзоров, муовини раиси вилояти Алматои Қазоқистон аз мақом барканор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Алмато хабар медиҳад.

Багдат Манзоров моҳи июли соли 2019 ба мақоми муовинӣ таъйин шуда буд. Моҳи сентябр расонаҳо аз боздошти вай хабар дода буданд. Мақомоти зидди фасоди Қазоқистон ӯро дар қаллобӣ ва сӯистифода аз мақом гумонбар карданд. Моҳи октябр айбҳои эъломшуда бекор гардид.

Манзорови 57-сола пештар аз ин дар мақомҳои гуногуни шаҳру вилоятҳои Қазоқистон фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG