Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомие, ки сокинонро дар Тайланд гаравгон гирифта буд, кушта шуд


Ҷакрафанс Томма
Ҷакрафанс Томма

Полиси Тайланд низомиеро, ки сокинонро дар маркази савдо гаравгон гирифта буд ва чандин нафарро дар тирандозӣ кушт, парронд.

Мақомоти ин кишвар ба хабаргузории Рейтерз гуфтаанд, ки дар ин тирпарронӣ 26 нафар кушта шуд.

Тирандоз дар маҳале кушта шуд, ки он ҷо гаравгонон нигаҳдорӣ мешуданд. Ҳашт гаравгон озод шуд, ки бархеи онҳо захмӣ ҳастанд.

Нашрияҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки дар ин тирандозӣ се корманди ҳифзи ҳуқуқ низ кушта шудааст. Шумораи онҳое, ки захмӣ шудаанд, ба 63 нафар мерасад.

Прают Чан Оча, сарвазири Тайланд гуфт, ки ин низомӣ мушкили фуруши манзил доштааст.

Рӯзи шанбе Ҷакрафанс Томма, низомии артиши Тайланд се афсарро дар пойгоҳи низомӣ кушт ва бо силоҳи худ фирор кард.

Дар роҳ ба сӯи як маркази савдо ба сӯи роҳгузарон тир кушод ва муштариёни маркази савдоро гаравгон гирифт.

Ҳанӯз дар бораи сабабҳои даст задани ӯ ба ин амал маълумоте нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG