Як ҳавопаймои ширкати русии "Уралские авиалинии" ба сабаби вайрон шудани чархаш натавонистааст мусофиронро аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Маскав бибарад. Ин парвоз бояд соати 16:30-и рӯзи 8-уми феврал анҷом мешуд, аммо мусофирон ҳанӯз мунтазир нишастаанд.
Яке аз мусофирон дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "намояндагони ширкат гуфтанд, ҳавопаймо вайрон шудааст ва бояд мутахассисон аз Душанбе омада, таъмир кунанд. Маълум нест, парвоз кай сурат мегирад."
Ба қавли ӯ, намояндагони ширкат барои онки парвоз ба таъхир афтодааст, ба онҳо танҳо об додаанд. "Аммо на вақти парвозро мегӯянд ва на ба мусофирон хӯрок медиҳанд. Дар дохили фурудгоҳ низ шароити харидани чизе нест", -- шикоят кард ӯ.
Умедҷон Лолаев, роҳбари намояндагии ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон, рӯзи шанбе гуфт, "дар ин масъала кор карда истодаанд" ва вазъиятро дертар шарҳ медиҳанд.
Ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уралские авиалинии" ҳафтае як бор аз фурудгоҳи Кӯлоб ба фурудгоҳи Жуковскийи канори парвоз анҷом медиҳанд.