Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Вашингтон аз зӯроварӣ ба зидди тазоҳургарон дар Ироқ


Майк Помпео
Майк Помпео

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, ки Вашингтон аз зӯроварӣ ба зидди тазоҳургарон дар шаҳри Наҷафи Ироқ "хашмгин" шудааст. Ӯ аз Бағдод даъват кард, ки "фавран шикоятҳои қонунӣ"-ро баррасӣ кунад.

Изҳороти Помпео рӯзи 6-уми феврал пас аз он садо дод, ки рӯзи чоршанбе дар рафти задухӯрдҳои ҳаводорони Муқтадо ас-Садр, рӯҳонии бонуфузи шиа ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар шаҳри Наҷаф камаш ҳашт нафар кушта шуд.

Садри популист дар аввал тазоҳургаронро пуштибонӣ кард, вале пас аз чанд рӯз аз онҳо ҷудо шуд ва Муҳаммад Тавфиқ Аллавиро дастгирӣ кард, ки сарвазири кишвар таъин шуда буд. Садр, ки пештар мегуфт ба ҳама дахолатҳои хориҷӣ дар Ироқ мухолиф аст, бештар ба ҳизбҳое пайваст, ки давоми чанд моҳи охир Теҳрон пуштибонӣ кардааст.

Эрон дар миёни бисёре аз аҳолии шиаи Ироқ нуфузи бузурге дорад ва гурӯҳҳои нирӯманди милитсияи кишварро дастгирӣ мекунад. Бағдод кӯшидааст, ки муносибатҳои худро бо Теҳрон ва Вашингтон баробар нигоҳ дорад, ки ҳамчунин ёриҳои муҳими иқтисодию низомӣ мерасонад.

Задухӯрдҳо дар Наҷаф яке аз охирин бархӯрдҳо аз силсилаи истодагариҳои марговар дар Ироқ ҳастанд. Дар давоми чанд моҳ эътирозгарони зиддиҳукуматӣ аз давлат хостанд ба нуфузи хориҷӣ дар кишвар поён диҳад ва ба гуфтаи онҳо “элитаҳо”-е, ки дар сари қудрат ҳастанд”, истеъфо диҳанд.

Ин талаби тазоҳургарон ба бархӯрдҳои бераҳмонаи нирӯҳои амниятӣ оварда расонд, ки дар он садҳо эътирозгарон кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG