Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро аз Чин ба Тюмен бурдааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати дифои Русия гуфтанд, дар як ҳафтаи ахир беш аз 140 нафарро аз шаҳри Вуҳани Чин берун овардаанд. Дар миёни онҳо ду хориҷӣ ҳам будаанд, ки яке аз Тоҷикистон ва дигаре аз Арманистон аст. Аз онҳо ном бурда намешавад. Мақомоти Русия гуфтанд, ин афрод дар вилояти Тюмен ҳастанд.

Хадамоти матбуоти Вазорати дифои Русия гуфт, ҳеч кадом аз онҳо бемор нест, аммо тибқи қоида ду ҳафта дар карантин ё назорати пизишкон хоҳанд буд.

Ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии Русия дар Чин чандин донишҷӯ аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ҳавопаймо роҳ надод. Дертар ҷониби Русия дархости Тоҷикистонро барои берун овардани шаҳрвандонаш аз Чин рад кард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар Вуҳон, маркази кашфи вируси хатарнок, 58 шаҳрванди кишвар ҳастанд. Қарор аст, онҳо ба воситаи ҳавопаймои Чин ба кишвар оварда шаванд.

Вируси хатарнок дар Чин беш аз 500 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

XS
SM
MD
LG