Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Амрико аз сӯи Толибон рабуда шудааст


Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон.

Як мақоми расмии Амрико рӯзи 6-уми феврал гуфт, ҷангҷӯёни вобаста ба гурӯҳи Толибон як шаҳрванди ин кишварро дар Афғонистон рабудаанд. Ба қавли ӯ, Марк Фрерики 57-сола аз аёлати Иллиноисро ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққонӣ рабудаанд. Ин шабакаи тундрав дар вилояти Хуст воқеъ дар шарқи Афғонистон, қароргоҳ дорад.

Ҳоло маълум нест, ки Марк Фрерик дар Афғонистон чӣ кор мекард ва ӯро дақиқан дар куҷо рабудаанд. Маҷаллаи "Нюсвик", ки аввалин шуда хабарро нашр кард, гуфтааст, ки шаҳрванди Амрикоро ҳафтаи гузашта дар вилояти Хуст рабудаанд. Ӯ дар минтақаҳои ҷангзада ба ҳайси корманди қарордодӣ кор мекардааст.

FBI ва ё Идораи Федеролии Таҳқиқоти Амрико, ки як бахши махсуси раҳоии гаравгононро дорад, ба таҳқиқи қазия шуруъ кардааст. Арт Фрерик, ки худро падари Марк Фрерик муаррифӣ кардааст, ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, хабари "Нюсвик" дуруст аст ва ӯ "ба сабабҳои амниятӣ аз ин бештар чизе гуфта наметавонад. Арт Фрерик гуфтааст: "Ман ба раиси ҷумҳур Трамп ва FBI бовар дорам".

XS
SM
MD
LG