Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА маҳдудиятҳо дар додани виза ба қирғизистониҳоро шарҳ дод


Доналд Лу, сафири Амрико дар Қирғизистон.
Доналд Лу, сафири Амрико дар Қирғизистон.

Сафири ИМА дар шаҳри Бишкек Доналд Лу гуфт, Амрико додани раводидро ба қирғизистониҳо танҳо бо як сабаб маҳдуд кардааст. Ӯ афзуд, ки дар ҷомеаи Қирғизистон сабабҳои гуногун, аз ҷумла басташавии пойгоҳи низомии ИМА дар ин кишвар, сатҳи фасод ва нақзи ҳуқуқи инсон ном бурда мешавад.

"Вале ин фарзияҳо асос надоранд. Инҷо танҳо як сабаб мавҷуд аст. Қирғизистон ба шаҳрвандонаш шиносномаи биометрӣ намедиҳад. Дар дунё 160 кишвар ба шаҳрвандони худ шиносномаи биометрӣ медиҳанд ва қалбакӣ сохтани ин навъи шиносномаҳо номумкин аст. 30 кишвар то ҳол шиносномаи биометрӣ надоранд ва Қирғизистон низ дар миёни онҳо қарор дорад",-афзуд дипломати амрикоӣ.

Кохи сафед 31-уми январ дарёфти раводиди муҳоҷират ва корти сабзро маҳдуд карда, вуруди муҳоҷирони қирғизро ба Амрико манъ кард. Вашингтон гуфт, ҷониби ИМА аз шеваи дарёфти шиносномаи қирғизӣ нигарон аст. Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу гуфт, раводиди Амрико танҳо ба сайёҳон, соҳибкорон ва донишҷӯёни қирғиз дода мешавад.

Мақомоти Қирғизистон ахиран гуфтанд, ки аз соли 2021 додани шиносномаҳои биометриро оғоз хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG