Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар паёми солонааш дар бораи қатли Сулаймонӣ ва хуруҷ аз Афғонистон гуфт. ВИДЕО


Президенти Амрико гуфт, мехоҳад тӯлонитарин ҷанги ин кишварро дар Афғонистон хотима бахшад. Ӯ ин матлабро ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Конгресс баён кард. Трамп дар ин паёми худ роҷеъ ба қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон ва низ сарнавишти гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" сухан гуфт.

Трамп аз ҷумла гуфт: "Ҳамон тавр, ки мо аз зиндагии амрикоиҳо дифоъ мекунем, барои поён додан ба ҷангҳои Амрико дар Ховари Миёна низ кор мекунем. Азми нерӯҳои мо дар Афғонистон заминаи инро мусоид сохтааст, ки гуфтугӯҳои сулҳ пешрафти хубе дошта бошад".

Ӯ афзуд, "намехоҳам садҳо ҳазор танро дар Афғонистон ба қатл бирасонем, ки аксарашон бегуноҳ ҳастанд. Вазифаи мо ҳам ин нест, ки барои кишварҳои дигар ба ҳайси пулис кор кунем. Сарбозоне, ки мо дорем, дар саросари ҷаҳон беназир ҳастанд. Инҳо ё ҷанг мекунанд, ки дар он пирӯз шаванд ё ҳеҷ ҷанг намекунанд. Мо кор мекунем, ки тӯлонитарин ҷанги Амрикоро хотима бибахшем ва сарбозони худро дубора ба хона баргардонем".

Пелоси матни суханронии Трампро пора кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии яксоатаи худ чанд дақиқа дар мавриди Афғонистон суҳбат кард. Ӯ роҷеъ ба пешрафтҳо дар раванди сулҳ ҷузъиёте ироа накард. Оқои Трамп дар ҷараёни суханронӣ аз хонаводаҳои нерӯҳои амрикоӣ ситоиш кард. Нерӯҳои амрикоӣ беш аз 18 сол боз дар Афғонистон ҳузур доранд.

Амрико дар охирҳои соли 2001 барои аз байн бурдани гурӯҳи "Ал-Қоида" ва суқути низоми Толибон, ба Афғонистон ҳамла кард ва кӯмак намуд, ки ҳукумати нав бо раҳбарии Ҳомид Карзай ба қудрат биояд. ИМА ва нерӯҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи НАТО то соли 2014 маъмурияти ҷангии худро дар баробари Толибон ва "Ал-Қоида" идома доданд ва пас аз он ба омӯзиш ва машваратдиҳии нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон пардохтанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пеш аз инки ҷанг ва сулҳи Афғонистонро баррасӣ кунад, бар муборизаи кишвараш дар баробари терроризм таъкид кард. Ӯ гуфт, "террористон дар ҳар гӯшаи дунё агар шаҳрвандони Амрикоро таҳдид кунанд, аз байн бурда хоҳанд шуд".

Трамп аз ҷумла, ба қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон ишора кард ва гуфт, "ӯ беш аз ҳазор нерӯи амрикоиро дар Ироқ ба қатл расонида ва захмӣ карда буд ва Амрико низ ӯро аз байн бурд".

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи қудратманди Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон субҳи 3-юми январ дар наздикиҳои Фурудгоҳи Бағдод бо дастури Доналд Трамп аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд. Панҷ рӯз баъд Эрон дар вокуниш ба ин ҳамла, пойгоҳи низомии Айн-ул-Асад дар Ироқро, ки аз сӯи амрикоиҳо мавриди истифода қарор дорад, мушакборон кард.

Трамп ҳамчунин ба ояндаи ДОИШ ё "Давлати исломӣ" ишора кард ва гуфт, бо кушта шудани роҳбари он Абубакр Ал-Бағдодӣ, ин гурӯҳ "сад дар сад" аз байн рафт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико беш аз як соат дар Конгресс суханронӣ кард. Ӯ дар ин суханрониаш ҳамчунин дар бораи пешрафтҳои иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои бештари корӣ, тақвияти нерӯҳо ва мубориза бо терроризм, суҳбат намуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG