Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбарияти Эътилофи умумирусиягии варзиши сабук истеъфо дод


Юлия Тарашенко, раҳбари Федератсияи варзиши сабуки Русия.
Юлия Тарашенко, раҳбари Федератсияи варзиши сабуки Русия.

Роҳбарияти Эътилофи умумирусиягии варзиши сабук (ЭУВС) тасмим гирифт, ки ба истеъфо равад. Уҳдадориҳои эътилофро то интихоботи нав, ки дар таърихи 28-уми феврал таъйин шудааст, гуруҳи кории Кумитаи олимпии Русия иҷро мекунад. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти эътилоф дар пайи талошҳои бенатиҷаи барқарорӣ дар World Athletics ва таъмини ширкати варзишкорони Русия дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ истеъфо додааст.

Вазорати варзиши Русия рӯзи 31-уми январ аккредитатсияи Эътилофи умумрусиягии варзиши сабукро қатъ кард. Он замон ба роҳбарияти ЭУВС пешниҳод шуд, ки истеъфо диҳанд.

Тағйироти куллӣ яке аз талабҳои барқарории ин эътилоф дар World Athletics буд. Варзишкорони Русия низ барканории роҳбариятро талаб доштанд.

Варзиши сабуки Русия аз моҳи ноябри соли 2015 таҳти таҳримҳои байналхалқӣ аст. Аз он замон то кунун варзишкорони Русия метавонанд, танҳо таҳти "ливои бетараф" дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд. Аммо ибтидои баҳори соли 2019 марҳилаи нави ҷанҷоли допингӣ шуруъ шуд. Ин ҷанҷол ба варзишкори рус Данил Лисенко рабт дорад, ки ба хотири чашм пӯшидан аз истеъмоли допинг аз сӯи варзишкорони Русия, аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум шуда буд.

XS
SM
MD
LG