Вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бахит Султонов рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, кишвараш содирот ва воридоти мол аз Чинро қатъ накардааст.
"Дар ҳоли ҳозир бархе аз тоҷирон бо баҳонаи баста будани марзҳо бо Чин арзиши маҳсулотро боло бурдаанд. Ин амали беинсофонаи гуруҳи тоҷироне аст, ки барои боло бурдани нархҳо аз вазъият сӯистифода мекунанд", - изҳор дошт вазири қазоқ.
Мақомоти Қазоқистон пештар гуфтанд, ки равуои автобусҳоро миёни ин кишвару Чин аз 27-уми январ ва равуои қатори мусофирбарро аз 1-уми феврал қатъ кардаанд. Парвози ҳавопаймоҳо низ ба Чин аз аввали ҳафтаи равон қатъ ва додани виза ба шаҳрвандони Чин ҳам манъ шуд.
Вазири қазоқ аз сокинон даъват кард, ки аз болоравии беасоси нархҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо ба мақомот хабар диҳанд.