Чанд рӯз пас аз ҳимояти шуморе аз кишварҳои арабӣ аз тарҳи Доналд Трамп барои сулҳи Ховари Миёна, намояндагони ҳамон кишварҳои арабӣ ва дигар кишварҳои мусалмон, ки дар нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷидда иштирок кардаанд, ин тарҳро "якҷониба" хонда ва онро радд карданд.
Шоҳзода Файсал бин Фарҳон Оли Суъуд, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар ин нишаст гуфт, ин кишвар аз талошҳо барои гуфтугӯ ҳимоят мекунад, вале чунин тарҳ бояд натиҷаи одилона дошта бошад ва ҳуқуқи фаластиниҳо "аз тариқи эҷоди як кишвари мустақил ва шарқи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти он кишвар"-ро замонат бидиҳад.
Ӯ ин суханонро дар нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар шаҳри Ҷидда, ки бо ҳузури намояндагони 57 кишвари узв баргузор шуд, баён кард.
Аъзои Иттиҳодия Араб низ чанд рӯз пеш дар нишасти Қоҳира ба иттифоқи оро ин тарҳро радд карданд. Маҳмуд Аббос, раиси ҳукумати худгардони Фаластин дар нишасти Иттиҳодияи Араб таҳдид кард, ки ҳамаи тамосҳои амниятӣ бо Исроилро қатъ хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", дар тарҳи пешниҳодии Амрико, ки ба таври возеҳ ба нафъи Исроил танзим шудааст, аксари хостаҳои аслии фаластиниҳо дар назар гирифта нашуда, ҳудуди 750 ҳазор сокини шаҳракҳои яҳудинишин дар ҷои худ боқӣ монда, ҳаққи ҳокимияти Исроил бар баландиҳои стратегии Ҷулон ба расмият шинохта шуда, шаҳри Байтулмуқаддас "пойтахти ҷудоинопазир"-и Исроил гуфта шудааст.
Созмони ҳамкории исломӣ "бархӯрди ҷонбидорона"-и ҳукумати Амрикоро маҳкум карда ва мегӯяд, ин тарҳ аксар дидгоҳҳои Исроилро пазируфта ва изофа кардани бахши густурдае аз минтақаҳои ишғолӣ ба хоки Исроилро ба баҳонаи амният таъйид мекунад.
Дар бахши дигаре аз баёнияи ин созмон гуфта мешавад, ки тарҳи Амрико "дорои меъёрҳои одилона нест ва пояҳои сулҳро тахриб мекунад". Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин дар баёнияи худ таъкид мекунад, ки Байтулмуқаддаси шарқӣ "пойтахти абадӣ"-и кишвари ояндаи Фаластин ва яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар ҷаҳони ислом аст.
Созмони ҳамкории исломӣ 50 сол пеш ва дар вокуниш ба оташ задани Масҷиди Ақсо -- яке аз муқаддастарин ҷойҳои мазҳабии мусалмонон аз сӯи гурӯҳе тундрав таъсис шуд.
Минтақае, ки Масҷиди Ақсо дар он қарор дорад, дар айни ҳол барои яҳудиён низ муқаддас аст ва Девори Нудба (Девори Буроқ) маъруф ба Девори Ғарбӣ, ки бахше аз як маъбади қадимии яҳудиён аст, дар фосилаи каме аз ин масҷид қарор дорад. Масеҳиёни инҷилӣ аз идеяи бинои маъбади яҳудиён дар ин нуқта ҳимоят мекунанд.
Доналд Трамп ҳафтаи гузашта дар маросиме дар Кохи Сафед ҳамроҳ бо Бенямин Нетаняҳу ин тарҳро муаррифӣ кард. Сафирони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Уммон ва ҳамчунин раҳбарони гурӯҳҳои масеҳии тарафдори Исроил, дар миёни меҳмонон буданд.
Риёз Ал-Моликӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати худгардони Фаластин дар нишасти Ҷидда аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ хост, то ба ҳеҷ ваҷҳ дар мавриди ин тарҳ бо ҳукумати Амрико гуфтугӯ накунанд. Ӯ гуфт, фаластиниҳо хостори як ҷадвали замонии мушаххас барои поёни ишғоли минтақаҳои фаластинӣ аз сӯи Исроил ҳастанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!