Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА омодааст, бо Қирғизистон лағви маҳдудияти визаро баррасӣ кунад


Парчамҳои Амрико ва Қирғизистон.
Парчамҳои Амрико ва Қирғизистон.

Вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков бо котиби давлатии ИМА Майк Пампео дар шаҳри Тошканд мулоқоти дуҷонибаеро анҷом доданд. Яке аз мавзӯъҳо маҳдуд шудани дарёфти раводиди ИМА барои қирғизистониҳо буд.

Ба огаҳии ВУХ Қирғизистон, Айдарбеков бори дигар қайд кардааст, ки тасмими Амрико бевосита ба манфиатҳои қирғизистониҳо таъсир мерасонад.

"Ҷониби ИМА изҳори таассуф ва омодагии худро барои ҳалли ин масъала баён кард. Вашингтон гуфтааст, ҷонибҳо бояд ҳамкориҳои худро дар сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият бахшанд",-афзудааст вазорат.

Кохи Сафед 31-уми январ дарёфти раводиди муҳоҷират ва корти сабзро маҳдуд намуда, вуруди муҳоҷирони қирғизро ба Амрико манъ кард. Вашингтон гуфт, ҷониби ИМА аз шеваи дарёфти шиносномаи қирғизӣ нигарон аст. Сафири ИМА дар Бишкек Доналд Лу гуфт, раводиди Амрико танҳо ба сайёҳон, соҳибкорон ва донишҷӯёни қирғиз дода мешавад.

XS
SM
MD
LG