Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Помпео вориди Узбекистон шуд


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар фурудгоҳи Тошканд аз сӯи ҳамтои узбекаш Абдулазиз Комилов истиқбол шуд. 3-юми феврали соли 2020.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар фурудгоҳи Тошканд аз сӯи ҳамтои узбекаш Абдулазиз Комилов истиқбол шуд. 3-юми феврали соли 2020.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 3-уми феврал вориди Тошканд, пойтахти Узбекистон шуд. Қарор аст, ӯ имрӯз бо вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон доир ба ҳамкориҳои Амрико бо минтақа гуфтугу кунад.

Ӯ пеш аз вурудаш ба Тошканд гуфт, ки дар нишаст, "доир ба масоили амниятӣ, ҳамгироии иқтисодӣ дар ин кишварҳо ва ҳам дар бораи он сӯҳбат мекунем, ки чӣ гуна ҳар яке аз ин кишварҳо метавонанд, худро аз назари иқтисодӣ, озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи башар худро дигаргун кунанд".

Мулоқоти Помпео бо вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи нишасти мавсум ба гуруҳи "С5 +1" сурат мегирад. Майк Помпео ҳамчунин бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳур ва Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷӣ гуфтугу мекунад.

XS
SM
MD
LG