Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон донишҷӯёнашро аз Вуҳони Чин баргардонд


Фурудгоҳи шаҳри Алма-Атои Қазоқистон
Фурудгоҳи шаҳри Алма-Атои Қазоқистон

Қазоқистон 83 шаҳрвандашро бо раҳбаладии пизишкон аз вилояти Вуҳони Чин баргардонидааст.

Ваззорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки аз ин шумора 80 тан донишҷӯ буданд.

Вилояти Вуҳонро макони пайдоиши вируси нав меноманд.

Мақомот мегӯянд, шаҳрвандоне, ки аз Чин баргардонида шуданд, дар як макони вижа, ҳафт километр дуртар аз шаҳр 14 рӯз нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Ҳоло онҳо аз ташхис мегузаранд ва сироят ёфтан ё наёфтани онҳо ба вируси нав санҷида мешавад.

Қазоқистон ба Чин 13 тон маводи доруворӣ ба ҳайси кӯмак фиристодааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфтааст, ки то ҳол ягон мавриди мубтало шудан ба вируси нав дар ҳудуди кишвар сабт нашудааст. Ҳоло 41 гумонбар дар ин кишвар таҳти ташхис қарор доранд.

Шумораи фавтидагон аз вируси нав дар Чин ба беш аз 300 нафар расидааст.

XS
SM
MD
LG