Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар маркази барқу гармидиҳии Узбекистон


Дар маркази барқу гармидиҳии Ново-Ангрени Узбекистон 30-юми январ сӯхтор ба амал омадааст.

Ба огаҳии Вазорати энержии Узбекистон, ҳайати кормандони марказ даст ба иқдомҳои аввалияи оташнишонӣ зада, гуруҳҳои зиддисӯхтор низ ба онҳо пайвастаанд.

Сӯхтор соати 14:00-и ҳамон рӯз пурра хомӯш карда шуда, ба иттилои вазорат касе осеб надидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар марказ корҳои барқарорсозӣ ҷараён доранд. Барои таҳқиқи ҳодиса комисия ташкил шудааст.

Ин марказ иншооти муҳими саноатӣ ва сокинони вилояти Тошкандро бо барқу гармӣ таъмин мекард.

XS
SM
MD
LG