Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд нақбканонро барои дуздии тило зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар вилояти Самарқанд 16 корманди кони тилои ширкати маъдани Навоиро зиндонӣ кард. Ҳамаи онҳо дар дуздии тило айбдор шуданд.

Тафтишот муайян кардааст, ки моҳи июни соли 2019 коргари нақби "Каракутан" З.Х.-и 38-сола бо панҷ коргари дигар забон як кардааст.

Ин гуруҳи коргарон аз 13 то 17 июн ғайриқонунӣ тило истихроҷ карда, онро ноаён аз нақб берун бурдаанд. Аз 10 кг маъдани тило онҳо 1176,96 грамм тилои холис ва 1210,52 грамм нуқра ҳосил кардаанд, ки арзиши умумии тилову нуқра қариб ба 46 ҳазор доллар мерасад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, яке аз аъзои гуруҳ 9 солу шаш моҳ зиндонӣ гардид. Дувумӣ 8 ва боқимондаҳо низ ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG