Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Русия дар вилояти Идлиби Сурия даҳҳо сокини осоишта кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуд.
Дар ин бора хабаргузории туркии Anadolu бо истинод ба созмони ғайридавлатии суриягии "Кулоҳдорони сафед" иттилоъ додааст. Ҳамлаҳо дар шаҳри Ариҳои Идлиб анҷом шуда, нонпазхона ва бемористон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Вазорати дифои Русия хабари ҳамларо "ҳангома" номид.
Шаҳри Ариҳо дар миёни маркази маъмурии Идлиб ва шаҳри Маарат-эн-Нууман ҷойгир аст, ки дирӯз аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Сурия тасарруф шуд. Ҳамлаҳо ба мавзеъҳои мухолифони мусаллаҳи Сурия дар шимолу ғарби ин кишвар аз моҳи декабри соли гузашта идома доранд.
Пештар Русия, ки аз президент Башор Асад ҷонибдорӣ мекунад, даст доштанашро дар ҳамлаҳои Идлиб рад карда буд. СММ дар навбати худ гуфт, Чин ва Русия ба интиқоли кумаки тиббӣ тавассути гузаргоҳҳои назоратӣ ба шимолу ғарби Сурия иҷозат надоданд. Дар натиҷа кумакҳо дар Ироқ дармонданд.