Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар наздикии фурудгоҳи Ишқобод даҳҳо манзилро тахриб карданд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон даҳҳо бинои зисти бисёрҳуҷрагиеро тахриб карданд, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор доштанд. Дар ҳоли ҳозир дар он минтақа танҳо бинои мактабҳои рақами 21 ва 8 мондаанд.

Дар бораи нақшаи мақомоти Туркманистон барои тахриби биноҳои зисти воқеъ дар кӯчаҳои Отамурод Ниёзов, Яшил Туг, А. Амонова ва Косманавтов бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳанӯз тобистони соли гузашта хабар дода буд.

Ба гуфтаи як ҳамсуҳбати мо аз Ишқобод, мақомот гуфтаанд, ки бинои мактабҳо пас аз ба поён расидани соли хониш тахриб мешаванд.

"Ҳоло масъалаи пардохти ҷуброн ба соҳибони хона ҳал нашудааст. Ба онҳо ваъда шудааст, ки соҳиби хонаи нав мешаванд, вале то ҳол санадеро дарёфт накардаанд. Мақомоти маҳаллӣ ба соҳибони хонаҳо тавсия додаанд, ки муваққатан ба хонаи хешонашон кӯч банданд",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG