Вазорати дифои Амрико рӯзи душанбеи 27-уми январ таъйид кард, ки як ҳавопаймои низомии ин кишвар дар вилояти Ғазнӣ суқут кардааст, аммо "нишонае аз сарнагуниии ин ҳавопаймо аз сӯи душман дар даст нест". Гурӯҳи Толибон иддао кардааст, ки ин ҳавопаймо тавассути ин гурӯҳ сарнагун шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Сонни Леггетт, сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфтааст, ин ҳавопаймо аз навъи E-11A будааст. Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои назорати электроникӣ бар Афғонистон аз ин навъ ҳавопаймо истифода мекунад.
Сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон таъкид кардааст, бо вуҷуди инки суқути ин ҳавопаймо баррасӣ мешавад, аммо ҳеҷ нишонае аз сарнагунии ин ҳавопаймо тавассути нерӯҳои душман дар даст нест. Сонни Леггетт шарҳе дар бораи талафоти суқути ин ҳавопаймо ироа накардааст.
Гурӯҳи Толибон ибтидо аз суқути ҳавопаймо хабар дод ва эълом кард, ки ҳеҷ яке аз сарнишинони ин ҳавопаймо зинда намондаанд. Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи ин гурӯҳ бо нашри як баёния гуфтааст, "як ҳавопаймои амрикоӣ дар вилояти Ғазнӣ суқут кард ва ҳамаи сарнишинони он кушта шуданд".
Тибқи гузориши расонаҳо, қисматҳои калони вилояти Ғазнӣ дар назорати нерӯҳои Толибон аст ва ба ҳамин далел, дастрасии мақомҳои амрикоӣ ва афғон ба ин ҳавопаймо душвор аст.
Аксҳо ва наворҳои нашршуда аз сӯи нерӯҳои вобаста ба Толибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мардум дар ҳоли сӯҳбат кардан дар атрофи як ҳавопаймои монанд ба E-11A ҳастанд ва зоҳиран ин ҳавопаймо дорои аломатҳои низомии ИМА аст.
Хабаргузории "Франс-пресс" мегӯяд, суқути ҳавопаймоҳои низомӣ ва чархболҳо дар Афғонистон бинобар вазъияти бади обу ҳаво, амри маъмул аст. Вилояти куҳистонии Ғазнӣ дар кӯҳпояҳои Ҳиндукуш қарор дорад ва дар зимистон ба шиддат сард аст.
Тибқи гузоришҳои ибтидоӣ, ин ҳавопаймо мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии "Ориёно" аст. Аммо ин хабар хеле зуд радд шуд. Мақомоти ин ширкат гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои "Ориёно" ба таври маъмул парвозҳои худро анҷом доданд ва ба ҳеҷ гуна садама дучор нашуданд.