Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли таназзули мардумсолорӣ ва эътирозҳои умумӣ дар ҷаҳон


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Алҷазоир. 12-уми декабри соли 2019.

Воҳиди Иттилооти “Экономист” (The Economic Intelligence Unit), як ниҳоди пажӯҳишии вобаста ба Гурӯҳи расонаии “Экономист”, дувоздаҳумин шохис ё индекси мардумсолории худро нашр кард, ки тибқи он вазъияти демократия ва озодиҳои маданӣ дар ҷаҳон бадтар шудааст. Ин созмон ҳангоми натиҷагирӣ аз фароянди рӯ ба рукуди демократия дар ҷаҳон соли 2019-ро “соли таназзули мардумсолорӣ ва эътирозоти умумӣ” унвон кардааст.

Тибқи ин шохис Тоҷикистон аз соли 2010 ба ин сӯ аз мақоми худ даҳ рада пойин рафта, ҳамроҳ бо Арабистони Саудӣ ва Туркманистон дар қатори кишварҳои истибдодӣ қарор гирифтааст.

Бар асоси “Шохиси мардумсолории 2019”, ки рӯзи 22-юми январ нашр шуд, ҳудуди ниме аз мардуми ҷаҳон (ё 48,4 дарсад) дар навъе аз мардумсолорӣ ва беш аз як севуми онҳо дар сояи истибдоди ҳукуматҳои худкома ба сар мебаранд.

Дар ин шохис вазъияти мардумсолорӣ дар 165 кишвари ҷаҳон ва ду қаламрави озод баррасӣ шудааст.

“Дар сояи истибдод”

The Economic Intelligence Unit, ки як бунгоҳи ҷаҳонии пажӯҳишҳои иқтисодӣ буда ва дар Бритониё ҷойгир аст, бо ишора ба ин ки ҳадди миёнаи демократия дар ҷаҳон дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба таври чашмгире (аз 5,48 ба 5,44 имтиёз) уфт кардааст, мегӯяд, “ин бадтарин мизони рукуд ва таназзули демократия аз замони нашри аввалин шохиси мардумсолорӣ аз сӯи ин созмон дар соли 2006 аст”.

Дар пешгуфторе барои шохиси тозаи ин созмон омадааст, бо беҳтар шудани вазъияти Фаронса, Чилӣ ва Португалия ва рукуди демократия дар Малта ҳамакнун шумори кишварҳое, ки дар “мардумсолории комил” ба сар мебаранд, аз 20 ба 22 расидааст.

Ба иборате дигар, шумори мардуми ҷаҳон, ки дар “мардумсолории комил” ба сар мебаранд, ҳамакнун танҳо 5,7 дарсадро ташкил медиҳад. Албатта, ин рақам дар соли 2016 ба 8,9 дарсад баробар буд, вале бо хориҷ шудани Амрико аз феҳристи “мардумсолории комил” ва қарор гирифтанаш дар феҳристи “мардумсолории ноқис” дар соли 2016 ин рақам ҷиддан коҳиш ёфтааст.

Тибқи шохиси тозаи ин созмон, ҳамакнун 54 кишвари ҷаҳон дар “мардумсолории ноқис”, 37 кишвар дар “режимҳои махлут” ва 54 кишвари дигар дар “режимҳои худкома ё мустабид” ба сар мебаранд. Дар соли 2018 ин арқом мутаносибан 55 ва 39 ва 52 будааст.

Ба ин тартиб, беш аз як севуми ҷамъияти ҷаҳон дар сояи истибдоди ҳукуматҳои худкома ба сар мебаранд, ки бахши аъзаме аз онҳоро мардуми Чин ташкил медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки вазъияти мардумсолорӣ дар Таиланд, кишвари ҳамсояи Чин, дар соли 2019 ба таври чашмгиру беназире беҳтар шудааст.

Вазъ дар куҷо беҳтар аст, дар куҷо бадтар?

Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, вазъияти мардумсолорӣ бавижа дар Амрикои Лотинӣ ва Ҷануби Африқо таназзул ёфтааст. Аз манотиқе, ки мардумсолорӣ дар онҷо дар ҳоли рукуд боқӣ монда ва ҳеч гуна тағйироти ҷиддие рух надода, Аврупои Шарқӣ аст, ки шомили кишварҳои Осиёи Миёна ҳам мешавад. Дар ин минтақа вазъияти мардумсолорӣ ва озодиҳои маданӣ дар соли гузашта дар Украина ва Арманистон то андозае беҳтар шуда, вале дар Беларус ва Қирғизистон рӯ ба бадшавӣ овардааст.

The Economic Intelligence Unit мегӯяд, дар ин минтақа дар ҳашт кишвар вазъият беҳтар ва дар нӯҳ кишвар бадтар шудааст. Дар 11 кишвари дигар низ, ки ағлаб кишварҳои Шӯравии пешин ҳастанд, ҳеч тағйире мушоҳида нашудааст.

Ин созмон навиштааст: “Ин нишон медиҳад, ки заъфи мардумсолорӣ дар Аврупои Шарқӣ ба хотири фарҳанги сиёсии заиф, мушкилот дар таъмини авлавияти қонун, фасоди густарда, инкори арзишҳои озодихоҳӣ аз сӯи бархе давлатҳо, тасаллут ёфтани “афроди қудратманд” ва маҳал нагузоштани онҳо ба ниҳодҳои сиёсӣ, дар маҷмӯъ омилҳое ҳастанд, ки пояҳои мардумсолориро заиф месозанд.”

Кишварҳои ба зоҳир ором

Бар асоси ин шохис, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои минтақа аст, ки вазъияти мардумсолорӣ дар онҳо чандон тағйире накардааст. The Economic Intelligence Unit аз Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Озарбойҷону Белорус ва чаҳор кишвари дигари Осиёи Миёна ба унвони “диктатуриҳое” ном бурдааст, ки бештари раҳбарони онҳо солҳост зимоми қудратро дар қабзаи худ нигоҳ медоранд.

Дар ниҳоят, пешбиниҳои таҳлилгарони Воҳиди Иттилооти “Экономист” баёнгари он аст, ки дар солҳои оянда беҳтар шудани вазъияти мардумсолорӣ дар кишварҳои худкомаи Осиёи Миёна ғайримумкин аст, зеро ҳеч гуна маҷоле қудратёбии мухолифон дар ин кишварҳо вуҷуд надорад:

Бо ин ҳол, пайкари ҳокимияти худкома, ки ағлаб ба саркӯби мухолифон такя мекунад, шикананда аст ва ин ҳокӣ аз таҳдиде ҷиддӣ барои ин режимҳост. Барои мисол, мумкин аст Туркманистон ҷамъияте ба зоҳир ором бо пешинаи камранги ошӯбу эътироз дошта бошад, вале вазъи бади иқтисод, камбуди шадиди маҳсулот, маҳдудияти муомила бо арзи хориҷӣ ва ҷорӣ кардани ҷазоҳои сангин бар мардум метавонад дар ниҳоят паёмадҳои ғайричашмдоште дошта бошад.”

Воҳиди Иттилооти “Экономист”, як ниҳоди пажӯҳишии вобаста ба Гурӯҳи расонаии “Экономист” аст, ки ба сармоядорону корофаринон ва тоҷирони бузурги чаҳон барои тасмимигириҳои роҳбурдияшон кумак мекунад. Шохисҳо ва гузоришҳои ин созмон дар ҳидояти сармоягузорон ба ин ё он кишвар низ бисёр муҳим талаққӣ мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG