Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои Пенс ва Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост


Майк Пенс ва Владимир Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост дар Байтулмуқаддас, 23-юми январи соли 2020
Майк Пенс ва Владимир Путин дар ҳамоиши гиромидошти қурбониёни Ҳолокост дар Байтулмуқаддас, 23-юми январи соли 2020

Дар Исроил, дар шаҳри Байтулмуқаддас, Ҳамоиши ҷаҳонии гиромидошти қурбониёни Ҳолокост баргузор шуд. Ин анҷуман ба 75-умин солгарди озодии асирони урдугоҳи "Освентсим" ё "Аушвитс" дар ҳудуди Лаҳистон дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бо мадади сарбозони Шӯравӣ бахшида шудааст.

Барои ширкат дар ҳамоиш сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои даҳҳо кишвар, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Украина Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон, ноиб-президенти Амрико Майк Пенс вориди Исроил шуданд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар расми оғози ҳамоиш гуфт, зарурати пешгирӣ аз ваҳшатҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум асосу пояи давлати яҳудро ташкил медиҳад.

"Мо худфидоии сарбозон ва халқҳоро ба хотири пирӯзӣ бар Ҳитлер дар ёд хоҳем дошт", - гуфт Нетаняҳу. Ӯ ҳамчунин Эронро "яҳудситезтарин режими рӯйи Замин" номид ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар муқобили Теҳрон қад алам кунад.

Президенти Русия дар паёми худ ҷинояти нозиҳоро зидди яҳудиён яке аз сиёҳтарин саҳифаҳои таърих хонд. Ҳамзамон Путин таъкид кард, ки нажодпарастон аз ҳимояти аҳолии Аврупои ишғолшуда бархӯрдор буданд.

Майк Пенс гуфт, ки қудратҳои ҷаҳон бояд зидди яҳудситезӣ муттаҳид шаванд. Вай саҳми кишварҳои ҳампаймонро дар пирӯзӣ бар фашизм ситоиш кард. Ноиб-президенти ИМА ҳамчунин даъват кард, ки кишварҳо зидди Эрон, ки ошкоро ба давлати Исроил таҳдид мекунад, муттаҳид шаванд.

"ИМА ҳаргиз Исроилро танҳо нахоҳад гузошт", - гуфт Пенс.

Пештар маълум шуд, ки президенти Лаҳистон Анҷей Дуда бо сабаби ба ин ҳамоиш даъват шудан ва яке аз меҳмонони асосӣ будани Путин аз ширкат дар он худдорӣ намуд. Ба гузориши расонаҳои Лаҳистон барои Варшава вазъе таҳаммулпазир нахоҳад буд, ки биншинад ва гӯш кунад, ки чӣ гуна "раҳбари Русия ба таблиғи ақидаҳои дурӯғи худ дар бораи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум" идома хоҳад дод.

Ин вазъ зимни баҳсҳои ахири ду ҷониб дар бораи таърихи ҷанг ба миён омадааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский низ ба Байтулмуқаддас омад, вале дар расми оғози ҳамоиш ширкат накард. Ҳайати украин, тавре ки дар Фейсбук навиштааст, ҷойи худро дар ҳамоиш ба онҳое дод, ки Ҳолокостро аз сар гузарондаанд.

XS
SM
MD
LG