Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муттаҳам ба дуздии сандуқи хайрияи як масҷид дар Ашт


Мақомот шахсеро ба иттиҳоми дуздии пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди Умари Одили деҳаи Бободархони ноҳияи Ашт, боздошт кардаанд.

Акбар Шарипов, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд рӯзи 23-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт "гумонбарро мушаххас карданд. Гумонбар, ноболиғ, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 11, сокини деҳаи Понғоз мебошад. Аз рӯи нишондоди гумонбаршуда ӯ аз даруни сандуқи хайрия 150 сомонӣ гирифтааст".

Ба гуфтаи Шарипов, гумонбар соли 2019 бо ҳукми додгоҳ ба дуздӣ айбдор шуда, ба иҷрои 80 соат корҳои ҳатмӣ муҷозот шуда буд.

Мақомот дар нисбати ӯ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноӣ, яъне парванда боз мекунанд. Бинобар ноболиғ будан, мақомот ӯро ба ҳабси пешакӣ нагирифтаанд. Исми ин наврас пурра ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо бинобар ноболиғ будан, аз бурдани номаш худдорӣ мешавад.

Сокинони Ашт рӯзи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки як шахси номаълум пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди ба номи Умар Одили деҳаи Бободархонро дуздидааст. Сокинон мегӯянд, ҳодиса шаби 6-уми январ иттифоқ афтод. Ба қавли онҳо, сандуқ чанд моҳ пеш дар берун аз дарвозаи масҷид насб шуда буд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар як наворе, ки дурбини назоратии масҷид сабт карда буд ва нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешуд, шахсе ниқобпӯш сандуқи хайрияро бо табар шикаста ва пулҳоро гирифтааст.

Ҳодисаи дуздӣ дар дохили масҷид – макони ибодати мардум – камсобиқа аст. Дар гузашта танҳо чанд мавриди "гум шудан"-и пойафзол, телефон ва ашёи дигари намозгузорон сабт шуда буд.

Дар оғози соли 2019 маъмурони милисаи Исфара як сокини 56-солаи ин шаҳрро бо гумони дуздӣ дар масҷиди ба номи "Имом Бухорӣ" дастгир карданд. Ин нафар ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (беш аз ҳазор доллари амрикоӣ) аз ҷайби як намозгузор айбдор шуд.

Соли 2018 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон афроди ношинос компютерҳои ду масҷидро дар ин минтақа дуздиданд. Дар ин "протсессор"-ҳо навори равуои сокинон ва ибодати онҳо дар масҷид нигоҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG