Кумитаи умури дини Узбекистон рӯйхати нави матлабҳои дорои хусусияти диниеро тасдиқ кард, ки нашр ва паҳни онҳо дар ҳудуди ин кишвар манъ аст.
Дар кумита гуфтанд, ки санад 25-уми декабри соли 2019 тасдиқ ва ба Вазорати умури дохилии ин кишвар фиристода шудааст. Вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфт, санад аз 40 саҳифа иборат аст.
Дар рӯйхат номи мавъиза, китоб, саҳифаҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ оварда шудааст, ки ба гуруҳу созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар ҳудуди Узбекистон, аз ҷумла ҳаракатҳои мамнуи "Ҳизб-ут Таҳрир", "Нурҷулар", "Таблиғи ҷамоат" ва "Ҷабҳат Ан-Нусра" оварда шудааст.
Ҳамчунин маъвиза, шеър, наворҳои видеоию садоӣ ва матлабҳое шомил шудаанд, ки аз сӯи афроди номаълум таҳия шуда, дорои хусусияти сиёсӣ-динӣ мебошанд. Ба рӯйхат ҳамчунин китоби "Ин рӯзҳо"-и нависандаи маъруфи дигарандеши узбек Нурулло Муҳаммад Рауфхон ва муроҷиатномаи видеоии имоми пешини узбек Фазлиддин Парпиев ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев шомиланд.
Ба гуфтаи манбаъ, зидди узбекистониҳое, ки бо ҷурми нашру паҳни матлабҳои мазкур боздошт мешаванд, бар асоси бандҳои "Таҳия, ҳифз ва паҳни матлабҳое, ки ба амният ва тартиботи ҷомеа хатар доранд" ва "Қочоқи матлабҳое, ки тундгароии динӣ ва ғояҳои ҷудоихоҳиро таблиғ мекунанд", парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад.