Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Душанбе шикояти Нилуфар Раҷабоваро рад кардааст. ВИДЕО


Нилуфар Раҷабова
Нилуфар Раҷабова

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Нилуфар Раҷабова, сокини пойтахт ва духтари Раҳматулло Раҷабов, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро бетағйир гузоштааст.

Рӯзи 18-уми декабри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт бо гуноҳи "майдаавбошӣ" 550 сомонӣ ҷарима баст. Вале ин зани ҷавон мегӯяд, гуноҳе надорад ва баръакс аз ҷониби маъмурони милиса ва намояндаи Идораи занон барои сатр доштанаш боздошт ва таҳқирқ азият шуд.

Баррасии шикояти ӯ рӯзи 22-юми январ зери раёсати додрас Хуршед Азизматзода дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Раъно Абдуллоева дар мурофиа иштирок надоштааст.

Вазорати умури дохилӣ рузи 19-уми декабри соли 2019 бо нашри хабаре дар торнамояш навишт, парвандаи Нилуфар Раҷабова бар пояи шикояти "шаҳрванд Раъно Абдуллоева" барои "суханони қабеҳи таҳқиромез" ба додгоҳ ирсол шуд.

Ин вазорат гуфт, Нилуфар Раҷабова ба гуноҳаш пурра иқрор карда, ҷаримаро ихтиёран пардохтааст. Аммо ин зани ҷавон рӯзи 22-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз ҷаримаро напардохтааст, чун дар ҷое кор намекунад ва нафақаи 540-сомоние, ки барои ду кӯдаки бемораш мегирад, ҳатто барои табобати онҳо кофӣ нест.

Нилуфар Раҷабова қаблан аз хушунат ва озор аз сӯи пулис ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурда буд. Аммо ӯ рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз нисбат ба ин шикояти ӯ аз сӯи мақомот чораандешӣ нашудааст. Ба ҷуз инки ӯ як дафъа ба додситонӣ даъват ва дар бораи ин қазия бозпурсӣ шудааст.

Ҳафтаи пеш Нилуфар Раҷабова ҳамчунин ба унвонии Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон нома навишта, хостори мудохилаи ӯ дар ин қазия шуда буд.

Нилуфар Раҷабова духтари Раҳматуллоҳи Раҷаб, яке аз 13 узви раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст, ки соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин зани ҷавон дар ҳоле барои доштани рӯсарӣ ба идораи пулис бурда шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди ҳамагуна амалиёту боздошт барои пӯшидани сатрро рад мекунанд.

Додгоҳи Душанбе шикояти Нилуфар Раҷабоваро рад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00
XS
SM
MD
LG